Интихобот-2023: дар КМИ бо намояндагони ҳайати Ҳиндустон вохӯрӣ баргузор гардид

    Интихоботи 7 Iyul 2023 2675

    6 июл дар Комисссияи марказии интихоботӣ бо намояндагони ҳайати вакилони Ҳиндустон, ки барои мушоҳида намудани рафти тайёрӣ ба интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баргузории он ба кишвари мо омадаанд, вохӯрӣ баргузор гардид.

    Дар он муовини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Б.Қӯчқоров, аъзои комиссия Г.Раҳимова, Комиссари комиссияи интихоботии Ҳиндустон Пандей Ануп Чандра, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ӯзбекистон Маниш Прабхат иштирок доштанд.

    Ба аъзоёни ҳайати вакилон аз рафти корҳои тайёрӣ ба интихобот ва гузарондани он маълумот дода шуд.

    Нозирон таъкид карданд, ки ба интихобкунандагон дар сатҳи баланд оид ба интихобот маълумот расонида шуда, дар як қатор қитъаҳои интихоботӣ ба таври озмоишӣ истифода аз дастгоҳҳои биометрии шиносоӣ оғоз шудааст.

    Қобили зикр аст, ки ҳайати нозирони созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки 9 июл баргузор мешавад, мушоҳида мекунанд. Дар ҷараёни сафар ба Ӯзбекистон нозирони байналмилалӣ ва хориҷӣ аз қитъаҳои интихоботӣ дидан карда, аз рӯи мушоҳидаҳои худ хулосаву тавсияҳои дахлдор медиҳанд.

    Хидмати матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates