Владимир Норов бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея мулоқот кард

    24 октябри соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов дар доираи роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои иштирок дар 15-умин Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба Сеул омадаанд, бо сарвазири Республикаи Корея Хан Док Су мулоқот намуд.

    Сарвари ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ қайд кард, ки дар тӯли 30 соли муносибатҳои дипломатӣ байни Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ба даст омада, ҳамкорӣ бо динамикаи фаъол дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илм ва технология фарқ мекунад.

    Таъкид гардид, ки ҷониби Корея ба татбиқи амалии созишномаҳо, кибинобар ҷамъбасти ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи декабри соли 2021 ба Сеул ба даст омадаанд, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

    Ҷониби Корея аҳамияти ҳарчи зудтар анҷом ёфтани раванди музокиротро барои бастани Созишномаи тиҷорати озод байни ду кишвар қайд кард.

    Ҷонибҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ, ки солҳои охир хусусияти воқеан стратегӣ касб кардааст, таъкид карданд.

    Сарвазир ба иштироки ширкатҳои кореягӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ дар доираи кластерҳои саноати пахта, ки дар ҷумҳурӣ таъсис дода мешавад, изҳори ҳавасмандӣ кард.

    Ба гуфтаи Ҳан Док Су, ислоҳоти васеъмиқёси демократии иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар солҳои охир дар Ӯзбекистон анҷом дода шудааст, ҳамчунин дар заминаи такмили қонунгузорӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ ва беҳтар кардани муҳити корӣ барои сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ оид ба тавсеаи ҳузури худ дар бозори Ӯзбекистон, сигнали хуб аст, — хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates