Ба ҳоҷиёне, ки ё ду вояи ваксинаҳои "Pfizer-BioNTech", "Oxford-AstraZeneca" ё "Moderna", ё як вояи "Johnson & Johnson"-ро гирифтанд, акнун ба Арабистони Саудӣ иҷозат дода мешаванд, хабар медиҳад нашри "Gulf Business".
Илова бар ин, онҳое, ки аз "Sinopharm" ва "Sinovac" эм карда шудаанд, ба кишвар иҷозат дода мешаванд, ба шарте ки агар онҳо вояи пурзӯреро, ки ҳукумати Саудӣ тасдиқ кардааст, гиранд. Дар ин рӯйхат ваксинаҳои Русия ва ваксинаҳои Ӯзбекистону Чин мавҷуд нестанд, менависад "STV".
Вуруд ба Арабистони Саудӣ дар охири моҳи феврали 2020 бинобар хуруҷи коронавирус муваққатан боздошта шуда буд.