"Маълумоте, ки мо дорем, маънои онро надорад, ки вояи иловагӣ лозим аст. Истифодаи онҳо набояд афзалият дошта бошад " -- гуфт ӯ.

Директори барномаи СУТ оид ба ҳолатҳои фавқуллодда Майкл Райан низ чунин нуқтаи назарро баён дошт, хабар медиҳад ТАСС.

 "Ин ба вазъе монанд аст, ки дар он шахсе, ки чанбари наҷотбахш дорад, кӯшиш мекунад ба худ дуюм чанбари наҷотбахшро ба бар кунад, дар ҳоле ки шахси дигар ҳатто як чанбари наҷотбахш надорад" -- таъкид намуд ӯ.

Ваксинатсия бемории вазнин ва маргро аз варианти коронавируси "дельта" пешгирӣ мекунад, изҳор кард Сваминатан.

"Комилан дуруст аст, ки ваксинаҳо ба афзоиши ҳолатҳои вазнин ва марг аз варианти "дельта" монеъ мешаванд" гуфт ӯ.

Дар навбати худ, коршиноси СУТ Мария ван Керхове ба он таваҷҷӯҳ кард, ки ҳатто дар кишварҳое, ки сатҳи эмгузаронӣ баланд аст, варианти "дельта" дар ҷамоаҳое паҳн мешавад, ки шумораи эмшудагон камтар аст ва дар он ҷое, ки чораҳои пешгирии паҳншавии беморӣ риоя намешаванд.