Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) хабар дод.

Роҳбари бахши таҳдидҳои глобалии респираторӣ дар Департаменти идоракунии таҳдидҳои эпидемия ва пандемияи СҶТ Вэнтсин Чжан ба вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ гуфт, ки ҳоло зуком ва дигар вирусҳои респираторӣ фаъолона паҳн мешаванд. Тибқи таъкиди ӯ, мавсими имсола бо пайдоиш ва паҳншавии босуръати варианти нави AH3N2 хос аст. Ин вариант бори аввал моҳи август дар Австралия ва Зеландияи Нав ошкор шуда, то имрӯз дар зиёда аз 30 кишвар ба қайд гирифта шудааст.

“Маълумоти мавҷудаи эпидемиологӣ афзоиши шиддати бемориро нишон намедиҳад, ҳарчанд ин тағйири генетикӣ марҳилаи муҳими эволютсияи вирус ба шумор меравад”, гуфт Чжан. Вирусҳои зуком пайваста тағйир меёбанд ва бинобар ин ваксинаҳои зидди зуком мунтазам нав карда мешаванд, тавзеҳ дод ӯ.

«СҶТ ин тағйиротро пайгирӣ мекунад, хатарҳоро барои саломатии ҷамъиятӣ арзёбӣ менамояд ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмилалӣ тавассути низоми глобалии назорат ва вокуниш ба зуком (GISRS) соле ду маротиба тавсияҳо оид ба таркиби ваксина таҳия мекунад», — таъкид намуд Чжан.

Ба гуфтаи коршиноси СҶТ, варианти нави вирус ба рӯйхати штаммҳое, ки барои мавсими ҷории зуком дар нимкураи шимолӣ ваксина бар асоси онҳо истеҳсол шудааст, дохил намешавад. Бо вуҷуди ин, «маълумоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ваксинаҳои мавсимии ҷорӣ ҳанӯз ҳам аз бемориҳои вазнин муҳофизат мекунанд ва хатари бистаришавиро коҳиш медиҳанд», илова кард ӯ.

Тибқи ҳисобҳои СҶТ, ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан як миллиард ҳолати зукоми мавсимӣ ба қайд гирифта мешавад, ки то панҷ миллион ҳолати бемориҳои шадиди роҳи нафасро дар бар мегирад. Солона то 650 ҳазор ҳолати фавт, ки бо асоратҳои зукоми мавсимӣ вобаста аст, ба қайд гирифта мешавад, хабар медиҳад news.un.org.