Шумо, намояндагони зиёда аз 130 миллат ва халқиятҳоеро, ки дар кишвари мо ҳамчун як оилаи дӯст ва ягона зисту зиндагӣ доред, дар симои шумо тамоми халқи сермиллатамонро бо 30 июл – Рӯзи дӯстии халқҳо самимона, аз таҳти дил муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқ ва орзуҳои некутарини худро изҳор менамоям.
Бидуни шубҳа, гуногунрангии миллӣ, ки дар сарзамини мо аз қадимулайём ҳифз мегардад, боиси эътибор аст, он ҳодисаи нодири иҷтимоӣ буда, алҳол дар шароити Ӯзбекистони Нав маъниву мазмуни нав касб менамояд, ки ба анъанаҳои мо мувофиқ аст.
Фикр мекунам, шумо низ ҳамраъй ҳастед, ки аз бисёр ҷиҳат бинобар ин дар мамлакати мо сулҳу салоҳ, дӯстӣ, некиву ҳамдилӣ ҳукм меронад, шаъну шараф ва бахти инсон қадр карда мешавад.
Дӯстони муҳтарам!
Рушди муносибатҳои байнимиллиро мо ба сифати омили муҳими сулҳу салоҳ ва эътидол мушаххас намуда, онро дар мавриди бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ҳамчун самти бартаринок қабул кардем ва дар ин соҳа корҳои бузурги амалиро татбиқ менамоем.
Пеш аз ҳама, дар соҳаи мазкур, сиёсати давлатӣ таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва идоравии он куллан такмил ёфтанд.
Аз ҳама муҳимаш, дар самти мазкур ҳамкории самарабахши байни созмонҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монда, имкониятҳои онҳо мувофиқ карда шуданд, корҳои васеъмиқёси муназзам амалӣ мешаванд.
Мисоле меоварам. 157 маркази милливу фарҳангӣ, 42 ҷамъияти дӯстӣ ва зиёда аз 100 иттиҳодияи ҷамъиятии ҳамватанон дар хориҷа, ки дар кишвар амал мекунанд якҷо бо созмонҳои давлатии ҷумҳурӣ бобати дар Ӯзбекистон мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ ва кушодадилӣ, эътидоли суннатҳои милливу умумиинсонӣ, ҳамаҷониба инкишоф додани робитаҳои фарҳангиву маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва дипломатияи халқӣ ба комёбиҳои назарраси мусбат муваффақ мешаванд.
Мо барҳақ бо ҳамватанонамон – намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногун, ки бо меҳнати софдилона, сифатҳои ватандӯстӣ бобати баланд бардоштани иқтидори иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми бебаҳо мегузоранд, ифтихор мекунем. Онҳо дар вазифаҳои гуногуни масъули созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ поквиҷдонона кор мекунанд, барои хидмати фидокоронаи худ сазовори мукофотҳои олии Ватан мегарданд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар байни онҳо депутатҳо ва сенаторон, намояндагони машҳури истеҳсолот, соҳибкорон, арбобони соҳаҳои таълим, тиб, илм, фарҳанг, адабиёт, санъат ва варзиш ҳастанд.
Чунин ҳамватанонамон, ки тақдир ва ояндаи худро бо Ӯзбекистон ягона медонанд, ҳамчунин ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни ватани таърихии онҳо ва кишвари мо мусоидат менамоянд.
Марказҳои милливу фарҳангӣ дар баргузор кардани тантанаҳо бахшида ба Наврӯз ва Рӯзи истиқлол, ки барои ҳамаи мо ба ҷашнҳои умумихалқиву бағоят азиз табдил ёфтаанд, ҳамчунин дар дигар чорабиниҳои оммавӣ мунтазам фаъолона иштирок мекунанд.
Бояд таъкид кард, ҷашне, ки имрӯз аз ҷониби ҳамаи мо таҷлил мегардад, Рӯзи дӯстии халқҳо боз як имконияти бузург барои равшан намоиш додани маданият, анъана ва урфу одатҳои ғановатманли халқи мо ба шумор меравад, ки дар худ ғояҳои сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва накӯкориро таҷассум кардаанд.
Воқеан, он чиз комёбии умумии мост, ки солҳои охир ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ робитаҳои дӯстона бо кишварҳои бародари минтақа ба дараҷаи нав бардошта шуданд, дар сиёсати сулҳхоҳона мафҳум ва воқеятҳое чун «Рӯҳи Осиёи Марказӣ» ҷорӣ шуданд. Ҳангоме ки аз ин хусус сухан меравад, бояд моҳи марти соли равон дар нуқтаи гузариши сарҳадҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гузошта шудани манори «Дӯстӣ»-ро қайд намоем, ки боз як тасдиқи дар байни мо мустаҳкам гардидани муносибатҳои некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ гардид.
Ҳамватанони муҳтарам!
Дар вазъияти фавқулодда мураккаби кунунӣ, ки дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон зиддиятҳо дар пояи миллӣ ва динӣ ба вуқӯъ меоянд, мо дар асоси раванди Ӯзбекистони ягона чун собиқа боз кори худро бобати таҳкими минбаъдаи сарвати бузургтаринамон – оромиву эътидол дар мамлакат, муҳити эҳтироми тарафайн ва ҳамдилӣ, тарбияи ҷавононе, ки дорои дониш ва касбҳои замонавӣ мебошанд, ҳамчунин самтҳои амиқи дониш дар рӯҳи суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ мустақимона идома медиҳем.
Мо тамоми имкониятҳоямонро барои пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати намояндагони тамоми миллат ва динҳо, ки аз шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон будани худ ифтихор доранд, ҳамчунин ҳамватанонамон дар хориҷа дар пояи талаботи Сарқонун ва қонунҳо сафарбар менамоем.
Муътақидам, ки шумо, азизони ман, минбаъд низ фидокорона меҳнат мекунед, тамоми ғайрати худро сафарбар менамоед, дониш, таҷриба, истеъдоду маҳорат, иқтидори касбӣ ва инсонии худро ба мақсади боло бардоштани иқтидори иқтисодии Ватани мо, афзудани нуфуз ва мақоми он дар арсаи байналхалқӣ куллан ба кор мебаред.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо ҷашни хотирмони кунунӣ самимона муборакбод менамоям.
Ба шумо саломатии мустаҳкам, дар фаъолияти некатон барои пешрафти мамлакат, бахту саодати оилавӣ, фаровонӣ ва фаровонҳолии хонаводаатон комёбиҳои нав орзу мекунам.
Бигузор Ӯзбекистони азизи мо ҳамеша шукуфон бошад.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон








