Аз ҷумла, дар моҳи августи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои назорати сифати маҳсулоти нафтӣ аз 129 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва корхона беш аз 170 намуна гирифта шуд.

Тибқи натиҷаҳои таҳлилҳои лабораторӣ, дар 21 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 174 ҳазор литр маҳсулоти нафтӣ, ки ба талаботи муқарраршудаи сифат ҷавобгӯ набуданд, ошкор гардид. Фурӯши ин маҳсулот пешгирӣ карда шуд.