Дар мулоқот таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин қайд карда шуд, ки ба шарофати ҳаракатҳои президентҳои кишварҳои мо муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Ӯзбекистон ва Русия бо мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардиданд. Иҷрои созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада пайваста таъмин карда мешавад. Вазорату идораҳо муколамаҳо, ташрифҳоро ташкил мекунанд, самтҳои нави пешомадноки ҳамкориро муайян мекунанд. Ҳамаи ин ба ғанӣ гардидани мундариҷаи рӯзномаи сафари қарибулвуқӯи Президент Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи сарони ҳукуматҳо, ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ пайваста рушд мекунанд. Сарфи назар аз пандемия афзоиши ҳаҷми савдои тарафайн аз аввали сол таъмин карда шуд. Президентҳои ду кишвар ба зиммаи сардорони ҳукуматҳо вазифаи ба 10 миллиард доллар расонидани ҳаҷми мубодилаи молро гузоштанд. Маблағҳои ширкатҳо ва бонкҳои Русия ба соҳаҳои асосии Ӯзбекистон -- нафту газ, маъдан ва металлургия, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра равона карда мешаванд. Дар Ӯзбекистон бо иштироки сармояи Русия беш аз 2 ҳазор корхона фаъолият мекунад.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тибб ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи мулоқот беш аз 10 санаде ба имзо расиданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила равона шудаанд.

Хидмати матбуоти Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон.