Таътили зимистона барои хонандагони литсейҳо, инчунин донишҷӯёни мактабҳои олии Ӯзбекистон то 18 январ дароз карда шуд

    Таълим 6 Yanvar 2023 1083

    Тибқи иттилои Маркази хидмати обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ бинобар якбора сард шудани ҳаво, ки аз 10 январи соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, бо мақсади пешгирии якбораи зукоми мавсимӣ дар байни аҳолӣ, бахусус дар муассисаҳои таълимӣ, давраи таътили зимистонаи хонандагон ва донишҷӯёни макотиби олӣ ва муассисаҳои таълими касбӣ, литсейҳои академикӣ то 18 январи соли 2023 дароз карда шуданд.

    Ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия, ба омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ дар ин давра маоши ҷории худ пардохт карда мешавад.

    Бар замми ин, дар рӯзҳои таътили иловагӣ барои донишҷӯён оид ба тайёр кардани мақолаҳои илмӣ, инчунин чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ семинарҳои онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ мӯҳлати пешниҳоди 50% тахфиф ба билети ҳавопаймо ва чиптаи роҳи оҳан низ то 18 январи соли 2023 дароз карда шуд.

    Чиптаҳои ҳавопаймо ва қатора, ки то 9 январ харида шудаанд, дар давраи дахлдор ройгон иваз карда мешаванд.

    Ба ғайр аз ин, ба муносибати дароз шудани рӯзҳои таътил дар хатти ҳавоӣ ва роҳи оҳан ҷойҳои иловагӣ (парвозҳо) ҷудо карда мешаванд.

    Машғулотҳое, ки барои ин давра пешбинӣ шудаанд, дар тамоми соли хониш тақсим карда мешаванд.

    То 17 январ дароз карда шудани таътили зимистона ба муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳо, аз ҷумла, мактабҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии олии ғайридавлатӣ, филиалҳои онҳо ва донишгоҳҳои хориҷӣ дахл дорад.

    Ёдовар мешавем, ки раванди таълим аз 18 январ оғоз мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates