Қонун ва лоиҳаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ кардани холҳои ҷаримавӣ таҳия шуд. Дар айни ҳол якҷоя бо кормандони масъули Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба мукаммал кардани лоиҳаи қонун бо таъсиси гуруҳи корӣ кор пеш бурда мешавад.
Мувофиқи қарори Президент “Дар бораи чораҳо оид ба боэътимод таъмин кардани бехатарии инсон ва якбора коҳиш додани ҳолатҳои фавт дар роҳҳои автомобилгард” аз 4 апрели соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон аз 1 декабр низоми ҳисобкунии холҳои ҷаримавӣ ба ронандагон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷорӣ карда мешавад.