29 декабри соли равон дар доираи сафари кории ҳайати ҳукуматӣ ба Остона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихон Смаилов мулоқот анҷом дод. Масъалаҳои иҷрои дастурҳои сарони ду давлат, ки дар натиҷаи сафари ахири Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Ӯзбекистон дода шуда буд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
28 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раҳбарии муовини Сарвазир - вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Ҷамшид Хоҷаев бахшида ба баррасии рафти корҳо оид ба таъсиси «Минтақаи савдои наздисарҳадии Ӯзбакистону Туркманистон – Маркази савдо» дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм ҷаласа доир шуд.
Дар чаҳорчӯби сафари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 26-27 декабри соли равон муовини Сарвазир - вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев бо роҳбарони вазорату идораҳои асосӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Покистон як қатор мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дод.
14 декабри соли равон таҳти раёсати муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бадриддин Абидов ҷаласаи навбатии Гурӯҳи музокиракунанда оид ба узвияти Ӯзбекистон ба СҶТ баргузор гардид.
12 декабри соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷаласа оид ба чораҳои суръат бахшидан ба раванди шомилшавии Ӯзбекистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУТ) баргузор гардид.
9 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқус таҳти роҳбарии муовини аввали вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нозимжон Холмуродов бахшида ба омӯзиши рафти кор оид ба дастгирии истеҳсолгарон ва содиркунандагон ва татбиқии барномаҳои сармоягузорӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Роҳбарияти раёсати намангонии Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ дар мулоқот бо ҳайати ширкатии “Akcha Holding”-и Туркия таҳти сарварии узви Шӯрои директорон Аҳмет Билге Гөксан иштирок кард.
Роҳбарияти раёсати вилояти андиҷонии Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ дар таркиби ҳайати вилоят ба шаҳри Токио (Ҷопон) ташриф овард.
29 ноябри соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон –вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев бо узви Шӯрои директорони ширкати туркии Akcha Holding Аҳмет Билге Гоксан мулоқот анҷом дод.
Дар Бангкок дар шакли видеоконфронс иҷлосияи умумии Кумитаи оид ба нақлиёти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Укёнуси Ором (ЭСКАТО) тавассути конфронси видеоӣ кушода шуд. Дар кори он намояндагони Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ ширкат варзиданд.