Дар айни замон, дар соҳаи тандурустӣ маҷмӯи 35 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 2,7 миллиард доллар ташаккул дода шудааст. Ин лоиҳаҳо сохтмони марказҳои махсусгардонидашуда ва беморхонаҳои бисёрсоҳа, бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ, инчунин омода кардани кадрҳои муосири тиббиро дар бар мегиранд.

Ҳангоми сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ ва навсозии муассисаҳои мавҷуда ба назар гирифтани талаботи аҳолӣ муҳим аст. Ҷойгиршавии онҳо, иқтидори қабули беморон ва доираи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда бояд ба талаботи воқеии аҳолӣ мувофиқат кунад. Дар ҷараёни муаррифӣ ба ташаккули лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо дарназардошти ин талабот, ҷалби бахши хусусӣ ба татбиқи онҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунии муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Аз ҷумла, сохтмони Маркази миллии онкологӣ, Маркази ҷумҳуриявии неврология ва сактаи мағзи сар, маркази тиббии бисёрсоҳаи калонсолон дар вилояти Тошканд, беморхонаҳои нав дар вилояти Қашқадарё ва Маркази саломатии модару кӯдак дар Нукус ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар Тирмиз роҳандозӣ намудани барномаҳои таҳсилоти тиббӣ ва дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ сохтмони беморхонаи дорои 800 кат дар Самарқанд ва таъсиси муассисаи тиббии бисёрсоҳа дар вилояти Бухоро пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни муаррифӣ оид ба рафти татбиқи амалии ин лоиҳаҳо маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, вобаста ба нӯҳ лоиҳаи ояндадор бо арзиши умумии 1 миллиард доллар пешниҳодҳо омода карда шудаанд. Онҳо ба рушди инфрасохтори расонидани ёрии неврологӣ, равонӣ ва наркологӣ, табобати бемориҳои саратонӣ ва гематологии кӯдакон, такмили низоми ёрии таъҷилии тиббӣ, навсозии парки мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва омода кардани кадрҳои тиббӣ равона шудаанд.

Минбаъд ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ бо нақшаи генералии рушди инфрасохтори тиббӣ ҳамоҳанг карда мешавад. Дар ин замина, таҳияи стратегияи сармоягузорӣ то соли 2040 пешниҳод гардид.

Дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳаҳои амалкунанда инвентаризатсия шуда, аҳаммияти онҳо ва имкониятҳои татбиқашон арзёбӣ карда шаванд. Сипас, лоиҳаҳое интихоб мегарданд, ки ба талаботи минтақаҳо ҷавобгӯ бошанд. Барои онҳо шиносномаҳои сармоягузорӣ  омода гардида, маҷмӯи ягонаи лоиҳаҳо ташаккул дода мешавад. Стратегия самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо сармоягузорони хусусӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва созмонҳои донориро муайян хоҳад кард.

Яке аз самтҳои муҳими ҷалби бахши хусусӣ ба фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аутсорсинг мебошад. Тибқи тартиби нав, ки аз соли оянда мавриди амал қарор мегирад, муассисаҳои тиббӣ метавонанд баъзе хизматрасониҳои тиббӣ ва ёрирасонро аз ташкилотҳои хусусӣ харидорӣ намоянд.

Дар доираи ин навоварӣ пешниҳод шудааст, ки бо таъминкунандагони хизматрасонӣ шартномаҳои дарозмуддат баста шуда, ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳо пешакӣ муайян карда шаванд ва натиҷаҳо дар асоси меъёрҳои мушаххас арзёбӣ гарданд. То соли 2030 ҳиссаи аутсорсинг дар хариди хизматрасониҳо ба 30 фоиз расонида мешавад.

Бо мақсади таъмини шаффофияти ин раванд ҷорӣ намудани низоми электронии «Аутсорсинги тиббӣ» пешбинӣ шудааст. Дар ин низом феҳристи ягонаи хизматрасониҳо, иҷрокунандагон ва шартномаҳо пеш бурда шуда, ҳаҷму сифати хизматрасониҳои пешниҳодшуда ва пардохтҳои анҷомдодашуда пайгирӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, пайваст намудани ин низом ба низоми хариди давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Масъалаи ҷалби роҳбарони касбӣ барои идоракунии муассисаҳои бузурги тиббӣ низ баррасӣ шуд. Пешбинӣ шудааст, ки номзадҳо дар асоси озмуни кушода интихоб гардида, фаъолияти онҳо ҳамасола аз рӯйи нишондиҳандаҳои бадастомадаи самаранокӣ арзёбӣ карда шавад. То соли 2030 ҷорӣ намудани чунин усули идоракунӣ дар панҷ муассисаи бузурги тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки стратегияи сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои пешниҳодшударо дар асоси нақшаи генералӣ бодиққат таҳия кунанд, инчунин татбиқи лоиҳаҳои аллакай дар ҳоли татбиқро суръат бахшанд.