Барои фаъолияти пурсамар ва намунавӣ дар роҳи дастгирии ислоҳоти бунёдӣ, ки дар Ӯзбекистони Нав дар соҳаи диниву маърифатӣ амалӣ мегарданд, таҳқиқи амиқи саҳми бебаҳои мутафаккирон ва уламои олами ислом дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, тарғиби васеи ғояҳои сулҳ, инсондӯстӣ, илмомӯзӣ ва маърифатпарварии дини муқаддаси ислом миёни миллатҳо ва халқиятҳои гуногун, инчунин барои хидматҳои шоён дар роҳандозии муколамаи байни мазҳабҳо ва байни тамаддунҳо дар сатҳи байналмилалӣ, бахусус таҳкими дӯстӣ, бародарӣ ва робитаҳои маънавии байни халқҳои ӯзбек ва озарбойҷон, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, ки донишҳои динӣ ва дунявиро ҳамаҷониба аз худ кардаанд, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ раиси Идораи мусулмонони Қафқоз, Шайхулислом Аллоҳшукур Ҳуммат ӯғли Пошозода бо ордени «Эл-юрт ҳурмати»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ш. Мирзиёев