Тибқи ҷадвал, қатора аз истгоҳи марказии Тошканд соати 07:00 ҳаракат карда, соати 14:31 ба Хива мерасад.

Дар самти баръакс, қатор аз Хива соати 07:20 баромада, соати 14:51 ба Тошканд мерасад.

Ҳаракати қатора дар як ҳафта чанд маротиба пешбинӣ шудааст:

аз Тошканд ба Хива — рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе;

аз Хива ба Тошканд — рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе.

Рейси аввал аз Тошканд 3 май ва аз Хива 4 май ба нақша гирифта шудааст.

Чиптаҳоро метавон ҳам аз кассаҳои роҳи оҳан ва ҳам ба таври онлайн тавассути хизматрасонии электронии eticket.railway.uz харидорӣ намуд.

Маълумоти иловагиро аз рақами кӯтоҳи 1005, кассаҳо ва марказҳои маълумотӣ дастрас кардан мумкин аст.

Ин масири нав имконият медиҳад, ки сафар байни Тошканд ва Хива барои мусофирон бароҳаттар, зудтар ва қулайтар гардад.