Тибқи қарори Президент, ба муносибати иди муқаддаси Қурбон барои сокинони Узбекистон панҷ рӯзи истироҳати пайдарпай муайян шудааст.
Дар доираи чорабиниҳои идона, ҷойҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври ихтиёрӣ то 20 фоиз тахфиф барои хизматрасониҳои худ пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин, барои билетҳои даромад ба тамоми музейҳои давлатӣ ва объектҳои мероси фарҳангӣ, ки таҳти идораи Агентии мероси фарҳангӣ қарор доранд, то 10 фоиз тахфиф эълон шудааст.
Илова бар ин, барои зиёраткунандагони зиёратгоҳҳо ва маконҳои муқаддаси пулакӣ низ имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон барои шахсони имконияташон маҳдуд, пиронсолон ва кӯдакон даромад ба чунин маконҳо ройгон хоҳад буд.