Дар солҳои охир дар кишвари мо ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ
мегарданд, ки ба марҳилаи сифатан нав боло бурдани сатҳи низоми ҳифзи иҷтимоӣ, ҳадафманд
ва шаффоф ба шаҳрвандони ниёзманд расондани дастгирии давлатӣ, рақамикунонии хидматрасониҳо
ва пешниҳоди онҳо ба шакли проактивӣ равона шудаанд. Дар баробари ин, ба
дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони дорои маъюбият, шаҳрвандони ба нигоҳубини доимӣ ниёзманд,
оилаҳое, ки кӯдакони маъюб тарбия мекунанд, занони аз таъқиб ва зӯроварӣ
зарардида, инчунин соҳибкороне, ки хидматрасониҳои иҷтимоӣ мерасонанд, таваҷҷуҳи
аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ҷараёни тақдимот масъалаи такмили куллии низоми хидматрасониҳои
иҷтимоӣ барои шахсони дорои маъюбият, ки гирифтори бемориҳои рӯҳӣ мебошанд,
баррасӣ гардид. Қайд гардид, ки ҳадафи асосӣ дар ин самт – таъмин намудани иштироки
пурраи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, пешниҳоди хидматрасониҳои комплексӣ дар шароите,
ки то ҳадди имкон ба муҳити оилавӣ наздик аст, инчунин дастгирии оилаҳое
мебошад, ки ба нигоҳубини онҳо машғуланд.
Аз ҷумла, то 1 июни соли 2026 марҳила ба марҳила хидматрасонии
нави «Дахолати барвақт» барои кӯдакони аз 0 то 3-сола, ки дар онҳо нуқсонҳои
рушд ошкор шудаанд, ҷорӣ карда мешавад. Дар доираи ин хидматрасонӣ бо иштироки
омӯзгорони махсус ва мураббиёни тарбияи ҷисмонии табобатӣ ба кӯдакон кумаки
ислоҳӣ-педагогӣ расонида шуда, машғулиятҳо барои рушди нутқ ва инкишофи ҷисмонӣ
гузаронида мешаванд. Ин хидматрасонӣ аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар
асоси реестри махсуси электронӣ пешниҳод мегардад. Ҳамчунин, хароҷоти вобаста
ба ташхиси иловагии тиббӣ ва ҷарроҳиҳо барои кӯдаконе, ки бо нуқсонҳои анатомӣ
таваллуд шудаанд, аз ҳисоби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ пардохт карда
мешавад.
Барои шахсони дорои маъюбияти гурӯҳи I ва II, ки
гирифтори бемориҳои рӯҳӣ мебошанд, дар давоми соли 2026 низ марҳила ба марҳила
хидматрасониҳои нави иҷтимоӣ ҷорӣ карда мешаванд. Хидматрасонии нигоҳубини рӯзонаи
«Янги кун», нигоҳубин дар хона, хидматрасонии хонаҳои хурди дастгирии «Мадад»,
инчунин ҷойгиркунии кӯтоҳмуддат дар шакли «Таътили иҷтимоӣ» аз ҷумлаи онҳост. Ин
хизматрасониҳо ба дастгирии оилаҳо тавассути нигоҳубин ва назорат, ташаккули
малакаҳои ҳаёти ҳаррӯза, омӯзиши корҳои рӯзгор, инчунин рушди малакаҳои касбӣ
ва молиявӣ равона шудаанд.
Хидматрасониҳои нав дар асоси шарикии давлат ва бахши
хусусӣ аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки дорои салоҳияти зарурӣ ва ҷавобгӯи
талаботи муқарраршуда мебошанд, пешниҳод мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки
аллакай дар соли 2026 бо чунин хидматрасониҳо 8,3 ҳазор нафар шахсони гирифтори
бемориҳои рӯҳӣ фаро гирифта шаванд ва то 600 ташкилоти ғайридавлатӣ ва соҳибкорони
инфиродӣ ба ин раванд ҷалб гарданд. Хароҷоти вобаста ба истифодаи ин хидматрасониҳо
дар шакли субсидияҳо аз ҳисоби Фонди давлатии ҳифзи иҷтимоӣ пӯшонида мешаванд.
Илова бар ин, аз 1 сентябри соли 2026 барои намояндагони қонуние,
ки ба шахсони аз 18-сола болои гирифтори нуқсони амиқи рӯҳӣ нигоҳубин мекунанд,
кӯмакпулии нави моҳона барои нигоҳубин ҷорӣ карда мешавад.
Инчунин, ваколатҳои марказҳои хидматрасонии иҷтимоии
«Инсон» васеъ мегарданд. Аз 1 июни соли ҷорӣ кормандони онҳо ба ҳайати комиссияҳо
оид ба васоят ва парастории назди ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳр шомил мегарданд. Ғайр
аз ин, онҳо ба таври доимӣ назорати иҷрои ӯҳдадориҳои васиён ва парасторон,
таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии чунин шахсон, ҳифзи молу мулки онҳо,
инчунин ҳолатҳои таъқиб ва зӯроварӣ нисбати онҳоро амалӣ менамоянд.
Ба масъалаи интегратсияи муассисаҳои интернатӣ низ таваҷҷуҳи
махсус зоҳир гардид. Мувофиқи пешниҳодҳо, хона-интернатҳои «Мурувват» ба таври
марҳилавӣ ба марказҳои «Ғамхорӣ» табдил дода мешаванд. Ин муассисаҳо акнун на ҳамчун
муассисаҳои асосан тиббӣ-иҷтимоӣ, балки ҳамчун марказҳои иҷтимоӣ фаъолият хоҳанд
кард, ки ба мутобиқсозии инсон ба зиндагӣ дар ҷомеа нигаронда шудаанд. Пешбинӣ
мегардад, ки сокинон ба варзиш, эҷодкорӣ, эрготерапия, табобати меҳнатӣ ва иҷтимоӣ-маънавӣ
ҷалб карда, малакаҳои ҳаётӣ тавассути хидматрасонии «зиндагии мустақилона таҳти
назорати мураббӣ» ташаккул дода, инчунин хонаҳои хурди ба муҳити оилавӣ наздик
ташкил карда шаванд.
Дар тақдимот ҳамчунин ташаббусҳои нав оид ба такмили минбаъдаи
қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, пурзӯр
гардондани ҷавобгарӣ барои табъиз аз рӯи маъюбият, пешниҳоди қарорҳои судӣ дар
шакли дастрас барои шахсони дорои маъюбият, инчунин расонидани хидматҳои мақсадноки
иҷтимоӣ ва кафолатҳо дар асоси Реестри ягонаи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.
Яке аз самтҳои муҳим рушди хидматрасониҳои нигоҳубини рӯзона
арзёбӣ гардид. Пешбинӣ мешавад, ки падару модароне, ки кӯдаки маъюби аз 3 то
18-соларо ба маркази нигоҳубини рӯзона месупоранд, аз пардохти ҳармоҳаи андози
дромад то 3 миллион сӯм озод карда шаванд. Ҳамчунин, то соли 2030 соҳибкороне,
ки чунин хидматрасониҳоро дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод
мекунанд, аз андозҳо озод мегарданд. Дар ҳоли ҳозир чунин хидматрасониҳоро
аллакай 396 соҳибкор пешниҳод намуда, зиёда аз 4,4 ҳазор кӯдаки дорои
маъюбиятро фаро гирифтаанд.
Ҳамчунин масъалаи васеъ намудани доираи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи
истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъиятии шаҳриро доранд, баррасӣ гардид. Аз ҷумла,
пешниҳод мешавад, ки ин ҳуқуқ ба шахсони дорои маъюбияти гурӯҳи I ва як нафар ҳамроҳи
онҳо, инчунин ба шахсоне, ки ба маъюбони ҷанги солҳои 1941–1945 баробар дониста
шудаанд, дода шавад.
Дар маросими тақдимот инчунин механизмҳои нави таъмин
намудани мустақилияти иқтисодии заноне, ки аз таъқиб ва зӯроварӣ зарар дидаанд,
муҳокима шуданд. Аз ҷумла, нақшаҳо барои ҷорӣ кардани тартибе дар ҳоли таҳия ҳастанд,
ки тибқи он онҳо метавонанд бидуни дархости алоҳида, дар асоси дархости маркази
Инсон, ҳамчун ҷӯяндаи кор сабти ном шаванд ва минбаъд дар ёфтани кор ва
мубодилаи фаврии маълумот дар бораи натиҷаҳо кумак расонда шаванд.
Чораҳо оид ба пурзӯр гардондани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи
ҳуқуқи кӯдакон ва муқовимат ба баъзе шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба ноболиғон низ
баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурии алоҳида барои
нигоҳдории маводи порнографӣ бо акси ноболиғон бо мақсади паҳнкунӣ, татбиқи ҷавобгарии
ҷиноятӣ ҳангоми такрори чунин ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин сахттар намудани ҷазо
барои анҷом додани амалҳои бадахлоқона нисбат ба шахсони то 16-сола тавассути
интернет ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ пешбинӣ шудааст.
Барои ворид намудани чунин мавод бо акси ноболиғон ба ҷумҳурӣ
бо мақсади паҳнкунӣ, истеҳсол, таблиғ, намоиш ё ҷалби ноболиғон ба чунин амалҳо
низ ҷазои маҳрумият аз озодӣ муқаррар мегардад.
Илова бар ин, ба мақсади ҳифзи боэътимоди ҳуқуқи ноболиғони
шоҳид ва ҷабрдида ҷорӣ намудани институти намояндаи қонунии онҳо ва муайян
намудани меъёрҳои дақиқи вақт барои гузаронидани бозпурсӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маросими тақдимот ҳамчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки дар
вилояти Ҷиззах аз ҷониби штаби ислоҳот бо дарназардошти бартариҳои муқоисавии
маҳаллаҳо таҳия шудаанд, маълумот пешниҳод гардид.
Сарвари давлат механизмҳо ва пешниҳодҳои нави соҳаи ҳифзи
иҷтимоиро ҷонибдорӣ намуда, ҳуҷҷатҳои дахлдори қонунгузориро ба имзо расонд.