Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар солҳои охир шумораи шахсоне, ки ба таэквондо мунтазам машғул мешаванд, қариб ду баробар афзуда, ба 35 ҳазор нафар расидааст. Дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Париж варзишгарони кишвари мо дар ҳисоби умумии даставӣ аз рӯи ин навъи варзиш мақоми сеюми ифтихориро ишғол карданд.

Дар мулоқот Чо Чунг Вон ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон оид ба рушди босуръати варзиш, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ миёни ҷавонон ва бунёди инфрасохтори муосир амалӣ мешавад, баҳои баланд дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла тайёр намудани варзишгарон ва доварони касбӣ, табодули таҷрибаи пешрафта дар соҳаи технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, тибби варзишӣ, инчунин мунтазам баргузор намудани мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалиро баррасӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот барои саҳми шахсӣ дар рушди таэквондо дар кишвари мо ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни халқҳо тавассути варзиш, Президенти Ӯзбекистон Чо Чунг Вонро бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонд.

Дар навбати худ, Чо Чунг Вон ба Президент Шавкат Мирзиёев мукофоти олии шахсии Федератсияи ҷаҳонии таэквондо – Ордени Шарафро тақдим намуд, ки барои саҳми назарраси ӯ дар рушди варзиш дода шудааст.

Таъкид гардид, ки ин орден бори аввал маҳз ба сарвари давлати мо супурда шуда, нишонаи эътирофи байналмилалии ислоҳоти густурда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла таэквондо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мебошад.