Сидқан шуморо, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки дар омӯзиш ва таблиғи таърихи ҳаёт ва мероси арбоби бузурги давлатӣ, сарлашкари мағлубнопазир, ҳомии илм, фарҳанг ва санъат Соҳибқирон Амир Темур ва Темуриён саҳми арзанда мегузоранд, ба муносибати ифтитоҳи ин конфронси байналмилалии илмӣ самимона табрик менамоям.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон олимони маъруф – профессорону академикон, намояндагони донишгоҳҳои бузург ва марказҳои илмӣ, аҳли зиёи эҷодӣ, кормандони пешбари осорхонаҳо ва китобхонаҳои машҳур, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ташриф овардаанд, ки ин аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании халқи мо шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки конфронс дар доираи таҷлили васеи 690-солагии Амир Темур дар Маркази тамаддуни исломӣ баргузор мегардад, ки дар он гавҳарҳои мероси нодири илмӣ-фарҳангии сеҳазорсолаи Ӯзбекистон ҷамъ оварда шудаанд. Бешубҳа, ин форуми илмӣ барои таҳлили амиқи давраи Эҳёи дувум – Ренессанси Темуриён – як марҳалаи пуршукӯҳу дурахшони таърихи сарзамини мо, инчунин барои баргузории мубоҳисаҳои ҷиддӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои нав аҳамияти муҳим дорад.
Дӯстони гиромӣ!
Шумо хуб медонед, ки ниёи бузурги мо Амир Темур дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ чӣ гуна нақши фаромӯшнопазир гузоштааст. Ӯ дар шароити ниҳоят мураккаби асри XIV бо ҷасорати бузург барои таъмини озодӣ, сулҳ ва шукуфоии Ватан мубориза бурда, дар қаламрави Ӯзбекистони имрӯза давлати пурқудрате бунёд намуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки то имрӯз дар ҳудуди даҳҳо давлат ёдгориҳои меъмории давраи Амир Темур ва Темуриён ҳифз шудаанд ва дар кишварҳои гуногун асарҳои зиёди илмӣ, бадеӣ ва санъати тасвирӣ бахшида ба шахсияти бузурги Соҳибқирон ва сулолаи ӯ офарида мешаванд.
Чунон ки маълум аст, дар зодгоҳи Амир Темур – Шаҳрисабз, дар рӯйи даромадгоҳи қасри бошукӯҳи Оқсарой, ки бо фармони ӯ бунёд ёфтааст, ҳикмати қадимае сабт шудааст: «Адолат – пояи давлат ва кори ҳокимон аст». Ин суханон имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд. Зеро илм, маърифат, санъат, адабиёт ва фарҳанг танҳо дар он ҷо рушд меёбанд, ки сулҳ ва адолат ҳукмфармо бошанд.
Дар ин замина, Ренессанси Темуриён ба рушди илм ва фарҳанг дар кишварҳои на танҳо Турон, балки тамоми ҷаҳони шарқ таъсири бузург расонида, оғози марҳалаи нави болоравии маънавиро ифода намуд. Тавре ки бисёре аз олимони ҷаҳон эътироф мекунанд, кашфиётҳои бузурги илмӣ ва асарҳои баландмазмуни намояндагони барҷастаи ин сулола – Мирзо Улуғбек, Бойсунқур Мирзо, Иброҳим Султон, Султон Ҳусайн Мирзо, Алишери Навоӣ, Бобур Мирзо ва Бобуриён – маҳз натиҷаи ҳамин падидаи нодири фарҳангӣ-тамаддунӣ буданд.
Дар Ӯзбекистони Нав оид ба омӯзиши нақш ва аҳамияти мероси Амир Темур ва Темуриён дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ, таблиғи васеи он дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Аз ҷумла, ба муносибати 690-солагии зодрӯзи Амир Темур қарори махсус қабул гардидааст. Мутобиқи он, моҳи апрел ҳар сол дар кишвари мо ҳамчун моҳи Амир Темур эълон шуда, конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мегарданд.
Форуми имрӯза боз як қадами амалии муҳим дар ин самт мебошад. Мо ҳамкории худро бо шумо, дӯстони ҳақиқии Ӯзбекистон, олимону муҳаққиқони хастанопазир, ки Ренессанси Темуриён ва тамоми мероси ғании таърихии моро амиқ меомӯзанд, пайгирона идома хоҳем дод, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи васеътар бо ислоҳоте, ки дар кишвар дар соҳаи иҷтимоӣ ва маънавӣ амалӣ мегарданд, ошно гардад.
Бовар дорам, ки дар ҷараёни конфронс шумо на танҳо аз наздик бо ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, инчунин бо ганҷинаи нодири дастнависҳо ва китобҳое, ки бо нубуғи халқи мо офарида шудаанд, шинос мешавед, балки пешниҳодҳо ва тавсияҳои арзишманди худро оид ба омӯзиш, ҳифз ва таблиғи онҳо низ манзур хоҳед кард.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи шумо сиҳатмандии комил, дастовардҳои тоза дар фаъолияти пуршарафатон ва ба кори конфронс барору муваффақият орзумандам.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон