Меҳмонони олиқадр яке аз ёдгориҳои бузурги меъмории исломии Осиёи Марказӣ ва рамзи асосии маънавияти Қазоқистон – мақбараи Ҳоҷа Аҳмади Яссавиро зиёрат карданд.

Мақбарае, ки дар охири асри XIV бо фармони Амир Темур бунёд шудааст, алҳол ба руйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил мегардад ва аз ҷумлаи ёдгориҳои бағоят машҳури меъмории асримиёнагии исломӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Сохтмони он солҳои 1389-1391 оғоз гардида, то охири асри XIVидома ёфтааст. Дар бунёди маҷмуъ устоёни Осиёи Миёна, ҳамчунин ороишгарони ҳунарманди минтақаҳои дигар ширкат варзидаанд.

Роҳбарони давлатҳо ба хотираи шоири машҳури мутасаввуф ва мутафаккир эҳтиром гузоштанд.

Сарони ҳайатҳо ҳамчунин бо маркази сафарии осорхона – мамнуъгоҳи “Ҳазрати Султон” ошно шуданд. Дар ин ҷо барои қабули зиёраткунандагон, баргузор намудани намоишгоҳҳо ва пешниҳод кардани мероси ғановатманди таърихиву фарҳангии Туркистон шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар марказ “Толори экспонатҳои нодир”, ки ба сифати экспозитсияи доимии осорхонавӣ кушода шудаасту ба ҳифз кардан, омӯхтан ва оммавӣ намудани мероси нодири даврони асри миёна нигаронида шудааст, мавқеи махсус дорад.

Дар намоишгоҳ ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки бо мақбараи Ҳоҷа Аҳмад Яссавӣ алоқаманданд, аз ҷумла артефактҳои аслии асрҳои XIV-XV, намунаҳои санъати ҳаккокӣ, кулолӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар байни онҳо дари аслии мақбара, пӯшиши болои тобути Амир Темур, ҳамчунин бозёфтҳои ҳафриётӣ ва сафолӣ ҳастанд, ки таърихи куҳани Туркистонро бозгӯ мекунанд.

Таъкид шуд, ки чунин ёдгориҳо ва лоиҳаҳои фарҳангӣ барои ҳифзи мероси маънавӣ, мустаҳкам кардани хотираи таърихӣ, ҳамчунин қаробати минбаъдаи халқҳои бародар, ки реша, дин ва анъанаҳои ягона доранд, дорои аҳамияти бузург аст.