Маҷмаае, ки дар 12 километр аз шаҳри қадимаи Бухоро ҷойгир аст, яке аз муқаддастарин маконҳои исломӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо олими бузурги асри XIV Баҳоуддин Нақшбанд — асосгузори тариқати тасаввуфи «Нақшбандия» дафн шудааст.

Мардуми Ӯзбекистон ва Қазоқистон як дин ва арзишҳои маънавии муштарак доранд. Уламо ва мутафаккироне, ки дар кишвари мо зиндагӣ кардаанд, дар Қазоқистон низ бо эҳтироми баланд ёд мешаванд. Аз ҷумла, Баҳоуддин Нақшбанд аз ниёгони бузурги мост.

Маҷмаа дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, имрӯз мақбара, хонақоҳ (ҷой барои зоирон), ки аз ҷониби хон Абдулазиз сохта шудааст, ду масҷид, некропол — макони дафни амирон аз сулолаҳои Шайбониён, Аштархониён ва Манғитҳо, инчунин осорхонаи таърихи тасаввуфро дар бар мегирад.

Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон маҷмаа боз ҳам обод гардида, намуди таърихии он барқарор карда шуд. Аз ҷумла, роҳрави таърихӣ аз дарвозаи Тоқи Миёна то мақбара дубора кушода шуд. Дар ду тарафи дарвоза боғҳо бунёд гардиданд. Осорхона ва ҷойҳои таҳорат сохта шуданд. Ҳамчунин мадрасае, ки аз ҷониби ҳокими Бухоро Дониёлбӣ аз сулолаи Манғитҳо бунёд гардида буд, барқарор карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид оятҳо аз Қуръон тиловат шуда, барои сулҳ ва шукуфоии халқҳои бародар дуоҳо хонда шуданд.