Дар кори ин форум, ки таҳти шиори «Чорроҳаҳои пешрафт:
пешбурди ояндаи ба ҳам пайвастаи минтақа» мегузарад, зиёда аз 4 ҳазор коршинос
аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон, намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ, созмонҳои
байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва ширкатҳои пешрафта иштирок доранд.
Ба рӯзномаи ҷамъомад масъалаҳои трансформатсияи рақамӣ ва
«сабз», устувории иқлим, рушди занҷираҳои таъминот, таъмини амнияти озуқаворӣ
ва дигар мавзӯъҳои муҳим шомил шудаанд.
Сарвари давлат дар сухани ифтитоҳии худ таъкид кард, ки Ӯзбекистон
аз баргузории чунин форуми бонуфуз дар кишвар ифтихор дорад.
Президент таъкид намуд, ки «Ӯзбекистони нав», ки таҷассумгари
таърихи бузург ва ояндаи шукуфон аст, ба як майдони муҳими муҳокимаи масъалаҳои
байналмилалӣ табдил ёфта истодааст.
Сипас, роҳбари Ӯзбекистон ба натиҷаҳои ислоҳоти васеъмиқёс
дар кишвар таваҷҷуҳ кард. Дар солҳои охир ба иқтисодиёт 150 миллиард доллар
сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, ҳазорҳо корхонаҳои муосир ба кор дароварда шуданд.
Содироти
молу хидматрасонӣ
се маротиба афзоиш ёфта, ҳаҷми иқтисод аз 50 то 147 миллиард доллар расид.
Аз
соли 2020 инҷониб, Ӯзбекистон пайваста рейтинги соҳибихтиёрии қарзии
худро беҳтар мекунад. Дар Индекси озодии иқтисодӣ кишвар имсол 14 зина боло
рафта, бори аввал ба гурӯҳи давлатҳои дорои иқтисоди «нисбатан озод» дохил шуд.
Дар
шароити ноустувории ҷаҳонӣ иқтисоди Ӯзбекистон дар семоҳаи аввал 8,7 фоиз рушд
нишон дод.
–
Муҳимтар аз ҳама, дар раванди ислоҳот мо ба беҳтар намудани зиндагии ҳар як
оила ва ҳар як шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Дар ин муддат мо
даромади 8,5 миллион шаҳрвандони ниёзмандро зиёд карда, сатҳи камбизоатиро аз қариб
35 фоиз то 5,8 фоиз коҳиш додем, – таъкид намуд Президент.
Дар даҳсолаи охир Ӯзбекистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил
гардид, ки дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор пешрафти назаррас нишон
додаанд.
То соли 2030 ҳадаф гузошта шудааст, ки ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт
ба модели рушди технологӣ ва инноватсионӣ гузаронида, ҳаҷми иқтисод ба зиёда аз
240 миллиард доллар зиёд карда, кишвар ба гурӯҳи давлатҳои дорои даромади
миёнаи боло ворид гардад ва камбизоатӣ пурра бартараф шавад.
Президент нақши Бонки
осиёии рушд ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявиро дар татбиқи ислоҳот
дар Ӯзбекистон махсус қайд кард. Портфели муштараки лоиҳаҳои анҷомёфта ва
идомаёбанда бо БОР ба қариб 16 миллиард доллар расидааст.
Ҳамчунин, сарвари давлат аз фурсат истифода бурда, ба
президенти Бонк осмиёии рушр Масато Канде, роҳбарияти Бонк, инчунин роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар ташкилотҳои
бисёрҷонибаи молиявӣ барои ҳамкории зич изҳори сипос намуд.
Дар бораи равандҳои мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди
босуръати технологияҳои нав сухан ронда, Президент зарурати татбиқи механизмҳои
нав ва роҳҳои муассирро барои рушди устувор таъкид кард.
Ба трасформатсияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ диққати махсус
дода шуд. Таъсиси Маркази зеҳни сунъӣ оғоз шудааст ва барномаҳо барои афзоиши
шумораи марказҳои додаҳо, ба кор андохтани суперкомпютерҳо ва омӯзонидани
"Панҷ миллион пешвои зеҳни сунъӣ" барои табдил додани соҳаҳои калидӣ
ба соҳаҳои муосир амалӣ карда мешаванд.
– Истифодаи моделҳои
кушодаи зеҳни сунъӣ бояд ҳамчунин дар соҳаҳои барои аҳолӣ бештар серталаб
маориф, тандурустӣ, хоҷагии об, экология ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳ
монда шавад, – таъкид намуд
Президент.
Пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд барномаи махсус барои
густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд таҳия шавад. Ҳамчунин
изҳори ният шуд, ки ба ташаббуси Бонк «Шоҳроҳи
рақамӣ барои Осиё» пайваста, дар Тошканд маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ таъсис
дода шавад.
Ҳамчун самти афзалиятнок рушди энергетикаи «сабз» муайян
гардид. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷаҳонӣ аллакай иқтидорҳои тавлидии 5600
мегаватт ба истифода дода шудаанд ва то соли 2030 пешбинӣ мешавад, ки ҳиссаи
манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба 54 фоиз расонида шавад.
Бо сипосгузорӣ дастгирии Бонки
осиёии рушд дар ташкили долони энергетикии «сабз»-и «Осиёи Марказӣ – Аврупо» барои тавсеаи содироти энергияи
тоза қайд карда шуд. Изҳори умед шуд, ки кишварҳои минтақа якҷо бо Бонк дар рӯзҳои
наздик ба амалисозии ин лоиҳаи "муҳими энергетикӣ" оғоз мекунанд.
Таъмини пайвастагии низомҳои нақлиётӣ ва устувории долонҳои
логистикӣ ҳамчунин вазифаи муҳим номида шуд.
Бо назардошти таҳдидҳо дар логистикаи байналмилалӣ
сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон
– Ӯзбекистон аҳамияти махсус
дорад. Лоиҳа имкон медиҳад муҳлати интиқоли борро то 10 рӯз коҳиш дода, иқтидори
транзитии минтақаро хеле баланд бардорад.
Пешниҳод гардид, ки дар доираи барномаи Бонк оид ба ҳамкории
иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) «Иттиҳоди рақамии гумрук ва
логистика» таъсис дода шавад.
Ба иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаи азхудкунии канданиҳои муҳими
стратегӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Президент таъкид кард, ки мақсади Ӯзбекистон
танҳо истихроҷи захираҳо нест, балки таъсиси истеҳсолот бо арзиши иловагии
баланд тавассути коркарди амиқи онҳо мебошад.
Роҳбари давлат ҷонибдории худро аз пайвастан ба барномаи Бонки осиёии рушд «Аз канданиҳои муҳим — ба истеҳсолот»
барои пешбурди лоиҳаҳо бо арзиши баланди иловагӣ изҳор дошт.
Ҳамзамон, мубориза бо тағйирёбии иқлим ҳамчун яке аз
вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки лоиҳаи минтақавии «Камарбандии
сабзи Осиёи Марказӣ» амалӣ гардад, ки талошҳои миллӣ оид ба бунёди ҷангалзорҳо
дар ҷойи қаъри хушкшудаи Баҳри Аралро
пурра мекунад.
Дар заминаи ҳамкории минтақавӣ инчунин ташаббуси таъсиси
«Ҳалқаи сайёҳии Осиёи Марказӣ» пешниҳод гардид, ки ба муттаҳид сохтани имкониятҳои
фарҳангӣ, зиёратӣ, гастрономӣ ва этнографии кишварҳои минтақа равона шудааст.
Таъкид шуд, ки барои татбиқи муассири ин ташаббусҳои
барномавии садодода бояд аз тамоми воситаҳои молиявии Бонки осиёии рушд бобати таъминоти молиявии лоиҳа,
аз ҷумла тавассути ҷалби сармояи хусусӣ истифода бурда шавад. Дар ин робита,
таъсиси Платформаи инноватсионии маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ пешниҳод
гардид.
Сарвари давлат қайд кард, ки дар шароити тағйироти
босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ нақши Бонки осиёии рушд
дар таъмини суботи иҷтимоию иқтисодии минтақа боз ҳам муҳимтар мегардад.
Дар анҷом Президент изҳори итминон намуд, ки пешниҳодҳо
ва ташаббусҳои дар минбари Самарқанд
садодода натиҷаҳои амалӣ хоҳанд дод ва ҳар як мувофиқа ба лоиҳаҳои мушаххасу
муфид табдил меёбад.