Имрӯз дар кишвари мо масъалаҳои ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ислоҳот ба таври пайваста амалӣ мегарданд, ки ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон дар гирифтани таҳсилоти муосир ва касбҳо, инчунин таъмини шуғли онҳо равона шудаанд.
Аз ҷумла, дар ҷамъомади васеи Шӯрои амният, ки 13 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, вазифаҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани обрӯи хизмати ҳарбӣ ва мусоидат ба ҷавонон барои пайдо намудани ҷойгоҳи шоиста дар ҷомеа муайян карда шуданд.
Ҳамчун идомаи мантиқии ин ислоҳот, имрӯз пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои омӯзиши касбӣ ва гирифтани таҳсилоти босифат барои ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда, инчунин густариши фарҳанги китобхонӣ дар артиш баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, аз соли таҳсили 2026/2027 барои ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо ҷорӣ мегарданд.
Акнун барои сарбозон имконияти дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳсил кардан ба тариқи фосилавӣ дар давраи хизмат фароҳам оварда мешавад. Бо ин мақсад, дар қисмҳои ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ курсҳои омодагӣ барои довталабон ташкил карда, низоми омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба роҳ монда мешавад.
Сарбозоне, ки ба таҳсил дар асоси шартнома қабул мешаванд, метавонанд қарзҳои имтиёзноки бефоиз гиранд. Муҳимтар аз ҳама, сарбозоне, ки ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, ба донишҷӯёни факултетҳои ҳарбӣ баробар карда шуда, пас аз хатми таҳсил ба онҳо унвони ҳарбии «лейтенанти захира» дода мешавад.
Ҳамзамон, тартиби қабули бидуни имтиҳонҳои тестӣ барои сарбозоне ҷорӣ мегардад, ки хизмати худро намунавӣ анҷом додаанд ё дар мусобиқаҳои варзишӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои аввалро ишғол намудаанд.
Яке аз имтиёзҳои дигар ташкил намудани курсҳои омӯзишии 3–6-моҳа барои сарбозон дар давраи хизмат тибқи принсипи «Як сарбоз – як касб» мебошад, ки бо додани шаҳодатномаи давлатии намунавӣ анҷом меёбад.
Барои ҷавононе, ки баъд аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар бахши хусусӣ кор кардан мехоҳанд, хароҷоти омӯзиши касбӣ аз ҷониби Фонди давлатии мусоидат ба шуғл дар асоси ваучер пӯшонида мешавад.
Ба онҳое, ки хоҳиши кор дар муассисаҳои давлатиро доранд, ҳангоми гузаштани санҷишҳои тестӣ, ки аз ҷониби Агентии самаранокии идоракунӣ баргузор мегарданд, имтиёзи 10-фоиза дар шакли холҳои иловагӣ дода мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин чораҳо оид ба баланд бардоштани шавқи хизматчиёни ҳарбӣ ба китобхонӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо дар ин самт баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, аз соли ҷорӣ ҳар сол байни хизматчиёни ҳамаи категорияҳои Қувваҳои Мусаллаҳ озмуни ҷумҳуриявии чорзинагӣ таҳти унвони «Сипари маънавият» баргузор карда мешавад. Марҳилаи аввали озмун дар қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои ҳарбӣ-таълимӣ, дуюмаш дар ҳавзаҳои ҳарбӣ, иттиҳодияҳо ва воҳидҳо, сеюмаш вазорату идораҳое, ки ба таркиби Қувваҳои Мусаллаҳ дохил мешаванд, гузаронида мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ ғолибони мусобиқаҳои хостагирӣ қувва меозмоянд.
Чаҳор ғолиби даври ниҳоӣ бо ҷоизаи асосии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ – электромобили муосир ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони дигар низ бо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳо қадрдонӣ мегарданд.
Сарвари давлат пешниҳодҳои мазкурро тасдиқ намуда, қарорҳои дахлдорро имзо кард. Таъкид гардид, ки тадбирҳои нав бояд ба ташаккули захираи кадрии дорои донишҳои баланд, малака, иқтидори зеҳнӣ ва ватандӯстӣ мусоидат намоянд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад вазири мудофиа оид ба рафти иҷрои вазифаҳои дар самти таҳкими амнияти ҳарбӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии нерӯҳо гузошташуда маълумот дод.