Васеъшавии шаҳрҳо, рушди технологӣ ва тағйирёбии иқлим дар назди хадамоти наҷот вазифаҳои нав мегузоранд. Алҳол ҷойгиршавӣ, биноҳо ва техникаи баъзе қисмҳои оташнишонӣ-наҷотдиҳӣ ба талаботи кӯмакрасонии фаврӣ пурра ҷавобгӯ нестанд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳангоми навсозии низом меъёри асосӣ бояд наҷоти ҳаёти инсон бошад. Бо ин мақсад, вазифа гузошта шуд, ки қоидаи «дақиқаи тиллоӣ»-ро дар амал ҷорӣ намуда, вақти ҳозиршавии наҷотдиҳандагон дар минтақаҳои шаҳр то 5–7 дақиқа, ба минтақаҳои берун аз марказҳои шаҳрӣ то 15–20 дақиқа поин фароварда шавад.

Дар бораи нақшаҳои аз нав таъсис додани 25 қисми оташнишонӣ-наҷотдиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки беш аз 250 ҳазор нафар аҳолӣ доранд ва бо техникаи муосир таъмин намудани онҳо маълумот дода шуд. Инчунин, таъсиси Маркази миллии бисёрсоҳаи махсуси наҷотдиҳии «Мадад» барои фаъолият дар шароити мураккаб, воҳиди авиатсионию наҷотдиҳӣ ва маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода пешниҳод карда шуд.

Ба масъалаҳои такмили фаъолияти хадамоти ягонаи диспетчерии «112», пайгирии тамоми марҳилаҳои кор аз лаҳзаи ворид шудани муроҷиат то иҷрои он ва тақвияти мубодилаи иттилоот байни хадамоти дахлдор низ диққат карда шуд. Зарурати истифодаи васеътари технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар соҳа таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки васеъ намудани фаъолияти хадамоти наҷот дар обанборҳо низ муҳим аст. Аз 56 обанбори мавҷуда танҳо дар чортои он чунин хадамот роҳандзӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар мисоли обанбори «Каркидон» ташкили низоми касбии наҷотдиҳӣ пешниҳод гардид. Дар техникуми омодасозии наҷотдиҳандагон дар заминаи таълими дуалӣ омодасозии наҷотдиҳандагони ғаввос, таълими кормандони иншооти сайёҳӣ барои амал дар ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии аввал ба нақша гирифта шудааст.

Имкониятҳои истифодаи обанборҳо бо мақсадҳои сайёҳӣ низ муаррифӣ гардиданд. Ҳоло дар панҷ обанбор фаъолияти сайёҳӣ ташкил гардидааст, дар 25 обанбори дигар имкони ташкили чунин хизматрасониҳо мавҷуд аст. Ҷалби сармоя ба ин минтақаҳо, метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши ҷараёни сайёҳон мусоидат кунад.

Таъкид гардид, ки дар ин раванд талаботи бехатарӣ бояд дар мадди аввал бошад. Сертификатсия намудани хидматрасониҳои сайёҳӣ, барои соҳибкорон ҳатмӣ намудани имзои шартнома бо сохторҳои касбии наҷотдиҳӣ, инчунин, таҷҳизонидани масканҳои истироҳатӣ бо қаиқҳои наҷотдиҳӣ, манораҳои назоратӣ ва аломатҳои нишондиҳандаи чуқурии об пешниҳод гардид.

Чораҳои дастгирии соҳибкороне, ки дар атрофи обанборҳо хидматрасониҳои сайёҳӣ ташкил мекунанд, низ муаррифӣ шуданд. Ба онҳо ҷиҳати пардохтани нисфи маблағи андозҳои замин ва молу мулк то 1 октябри соли 2029, инчунин, то 120 рӯз ба таъхир гузоштан ё қисм-қисм пардохт намудани боҷҳои гумрукӣ барои таҷҳизоти GPS, наҷотдиҳӣ ва бехатарӣ фароҳам овардани имконият дар назар аст. Пешниҳод гардид, ки маблағҳои аз фурӯши қитъаҳои замини ин ҳудудҳо бадастомада барои рушди шабакаҳои муҳандисии беруна ва инфрасохтори роҳ равона карда шаванд.

Инчунин, роҷеъ ба корҳое, ки ҷиҳати таъмини ҳолати техникӣ ва фаъолияти бехатари обанборҳо амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд. Ҳолати 25 обанбор дар маҳал омӯхта шудааст. Барои сари вақт ошкор намудани тағйироти хатарнок тадбирҳои васеътар ҷорӣ кардани низомҳои маҳаллии огоҳсозӣ, видеоназорат, таҷҳизоти сейсмологӣ ва воситаҳои назорати рақамӣ амалӣ мешаванд.

Дар анҷоми муаррифӣ Сарвари давлат ба масъулон аз рӯйи баланд бардоштани суръати корбарии хадамоти наҷот, роҳандозии фаъолияти касбии наҷотдиҳӣ дар обанборҳо ва дақиқ муайян намудани талаботи бехатарӣ дар иншооти сайёҳӣ супоришҳо дод.