Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуҳлат миёни Ӯзбекистон ва ин муассисаи ихтисосонидашудаи СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари ташкилот ислоҳоти густурдаро, ки дар соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон амалӣ мешанад, баланд арзёбӣ намуд. Ҷиҳати навсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва гуногунсозии хизматрасониҳо чораҳои пайгирона амалӣ мегарданд. Ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мешавад, осорхонаҳои нав таъсис меёбанд ва мунтазам чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Таъкид гардид, ки дар 8 соли охир шумораи сайёҳоне, ки ба кишвар ворид шудаанд, 6 баробар афзуда, тақрибан ба 12 миллион нафар расидааст. То соли 2030 ба 20 миллион нафар расонидани ин нишондиҳанда ва дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 7 фоиз зиёд намудани саҳми соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Босуръат рушд ёфтани ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва “СММ оид ба сайёҳӣ” бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Соли 2023 дар шаҳри Самарқанд Ассамблеяи генералии ташкилот бомуваффақият баргузор гардид, Академияи байналмилалии сайёҳӣ таъсис ёфт ва ба наздикӣ ифтитоҳи дафтари «Сайёҳӣ дар Роҳи абрешим» дар назар аст.

Бо ташаббуси Ӯзбекистон қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи чун Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва фарогир эълон намудани соли 2027 қабул карда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо қотеона тасдиқ карданд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла, такмил додани пойгоҳи байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ, татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак, тавсеаи ҳамкории экспертӣ ва техникӣ, инчунин тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи сайёҳӣ, омода ҳастанд.