Дар оғози суҳбат меҳмони олимақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро расонд.
Масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстии наздик, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.
Муносибатҳои фаъоли ҳамкорӣ, ки дар сатҳи парламент, ҳукумат, минтақа ва доираҳои соҳибкорӣ амалӣ мешаванд, бо мамнунияти зиёд қайд гардид.
Таъкид шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳаҷми мубодилаи мол муттасил меафзояд, равобити кооператсионӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, экология ва истифодаи об пайваста густариш меёбад.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои суръат бахшидани лоиҳаҳои иқтисодӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи металлҳои нодир, боз ҳам зиёд кардани ташрифи сайёҳон, инчунин тавсеаи барномаҳои мубодилаи башардӯстона, аз ҷумла дар соҳаҳои кайҳон ва иқтисоди креативӣ диққати махсус дода шуд.
Омодасозии ҳамаҷонибаи рӯзномаи чорабиниҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷониба муҳим арзёбӣ гардид. Аз рӯйи масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт.