Дар ҳамоиш, ки таҳти раёсати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев низ иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯзнома, ҷонибҳо аз рӯйи масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд.
Сарвари давлати мо зимни суханронии худ ҳозиринро бо санаи фархунда – 35-солагии таъсиси Иттиҳод табрик гуфта, таъкид кард, ки новобаста аз тағйироте, ки рух медиҳанд, кишвар ва халқҳои моро робитаҳои наздики инсонӣ, таърихи муштарак ва имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд.
– Имрӯз ҷаҳон куллан тағйир меёбад. Ихтилофҳо меафзоянд, робитаҳои маъмулии иқтисодӣ аз нав ташаккул меёбанд. Дар чунин вазъият таҳкими боварӣ, пайваста ҳамоҳанг сохтани мавқеъҳо ва таъмини натиҷаҳои воқеии созишномаҳои мо аҳамияти хос дорад, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Таъкид гардид, ки ҳамгироии иқтисодӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ яке аз пояҳои асосии субот ва пешрафт боқӣ мемонанд.
Гуфта шуд, ки барои ба марҳалаи нав баровардани шарикии тиҷоративу сармоягузорӣ, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, гузариши тадриҷӣ аз мубодилаи одии мол ба таъсиси муштараки занҷираҳои мукаммали арзиши иловашуда зарур аст.
Сипас, роҳбари мамлакатамон як қатор самтҳои афзалиятнокро, ки бояд талошҳои муштарак ба онҳо нигаронида шаванд, баён намуд.
Пеш аз ҳама, тавассути бартараф намудани монеаҳои техникӣ, таъмини эътирофи мутақобилаи сертификатҳои мутобиқат ва тавсеаи имкониятҳои иштирок дар харидҳои давлатӣ зарурати таъмини фаъолияти комилу бемаҳдуди Минтақаи савдои озод таъкид гардид.
Зикр гардид, ки дар таъмини устувории иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ амнияти озуқаворӣ аҳамияти хос дорад.
Дар ин замина, ҳарчи зудтар ба мувофиқа расондан ва тасдиқ намудани созишнома дар бораи тавсеаи дастрасии мутақобила ба бозорҳо дар соҳаи хариди давлатии маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои пешгӯии вазъи бозорҳои мамлакатҳо, ҷорӣ намудани механизми огоҳсозӣ ва машваратҳои мутақобила қабл аз ворид намудани маҳдудият ба содироти маҳсулоти озуқаворӣ ва нуриҳо пешниҳод гардид.
Ба масъалаи баҳам овардани имкониятҳои соҳаи саноат ва афзунсозии ҳаҷми сармоягузориҳои мутақобила низ таваққуф карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштараки намояндагони соҳаи тиҷорат ба суди онҳост ва бо мақсади рушди минбаъдаи ин раванд, мувофиқаи фаврӣ дар бораи омодасозии “харитаи роҳ” бобати дастгирии фаъолияти минтақаҳои махсуси иқтисодӣ зарур аст.
Президент бо тамаркузи махсус ба масъалаи пайвастагии нақлиётӣ, ҷонибдории худро аз таъсиси марказҳои ҳамгирошудаи логистикӣ, дар сатҳи назаррас кам кардани хароҷоти транзитӣ, якранг намудани қоидаҳои ҳамлу нақли бор ва ташаккули низоми ягонаи иттилоотии нақлиётии ИДМ баён кард ва аз ташаббуси ҷониби Туркманистон дар бораи чун Соли пайвастагии нақлиётии Иттиҳод эълон кардани соли 2029 пуштибонӣ намуд.
Дар мавриди таъмини амнияти энергетикӣ зарурати таҳияи пешгӯиҳои дарозмуҳлат барои даҳсолаҳои наздик таъкид гардид.
– Он бояд барои ташаккули тасаввуроти дақиқ дар бораи он, ки изофа ва камбуди мавсимии неруи барқ дар куҷо ва кай ба вуҷуд меояд, кадом соҳаҳоро бояд рушд дод ва чӣ гуна метавон неруи барқи обӣ, тавлиди гармӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергияро ба таври самарабахштар бо ҳам мутобиқ сохт, имкон фароҳам оварад, – гуфт сарвари давлат.
Ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим низ таваққуф карда шуд.
– Дар ин самт қабули қарорҳои ҳамоҳангшуда ва амалӣ зарур аст. Мо ҷонибдори татбиқи босуръати технологияҳои камкарбон ва рушди истеҳсолот дар сикли пӯшида ҳастем, – гуфт Президент.
Барои муттаҳид намудани саъю талошҳо, таҳияи Консепсияи ҳамкории ИДМ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳо ва иқтисодиёти даврӣ пешниҳод гардид.
Пешниҳод гардид, ки ба соҳаҳои эҷодӣ, ки таҳти таъсири технологияҳои нав босуръат тағйир меёбанд ва ба қисми мустақилу муҳими иқтисоди муосир табдил меёбанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар ин робита, ташаббуси ташкили форуми «Сиёсати фарҳангӣ ва соҳаҳои эҷодӣ» пешниҳод карда шуд.
Дар радифи хавфу хатарҳои муосир, ба мушкилоти ҷиноятҳои киберӣ, ки миқёси онҳо дар саросари ҷаҳон босуръат меафзояд, диққати махсус дода шуд.
– Қаллобие, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир мешавад, аллакай ба шаҳрвандон ва тиҷорат зарари ҷиддӣ мерасонад ва ба фаъолияти устувори низомҳои молиявии кишварҳоямон хатар эҷод менамояд, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Дар робита ба ин, пешниҳод карда шуд, ки ба Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ супориш дода шавад, то дар муҳлати кӯтоҳ маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъсиси Маркази муштараки алоқаи ИДМ барои вокуниши фаврӣ ба ҷиноятҳои фаромарзии киберӣ ва нақшаҳои қаллобӣ таҳия намояд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар поёни суханронӣ омодагии Ӯзбекистонро барои қабули раёсати ИДМ дар соли оянда ва идомаи ҳамкориҳои наздик барои рушди Иттиҳод баён кард. Инчунин, ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш сипосгузорӣ намуд.
Дар идомаи ҷамъомад роҳбарони ҳайатҳои дигар мамлакатҳои узви Иттиҳод низ суханронӣ карданд.