Ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки меҳмони фахрии ҷамъомад – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев самтҳоеро баён кард, ки дар давраи раёсати кишвари мо бар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2027 аҳамияти устувор хоҳанд дошт.
Роҳбари давлат ба ҳамаи ҳамтоёни худ барои дастгирии қарор дар бораи раёсат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати саҳм гузоштан дар кори муштарак, пешниҳоди ғояҳои нав ва рушди якҷояи самтҳое, ки имрӯз барои кишварҳои Иттиҳод воқеан муҳиманд, изҳори сипос намуд.
– Мо ният дорем, ки соли оянда масъалаҳоеро дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳем, ки натиҷаҳои мушаххас ва назаррас ба бор меоранд. Инҳо иқтисодиёт, технологияҳои нав, нақлиёт, амният, таълим, илм ва рушди иқтидори инсонӣ мебошанд, – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Ин равиш дар шиори «ИДМ – фазои эътимод ва рушди муштарак», ки барои раёсати Ӯзбекистон муайян гардидааст, таҷассум ёфтааст.
Алҳол таҳияи Консепсияи раёсат ва нақшаи чорабиниҳо ба анҷом мерасад. Дар онҳо татбиқи беш аз сад чорабинии аниқ пешбинӣ шудааст.
Самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои амалии ҳамкорӣ дар давраи раёсати Ӯзбекистон муаррифӣ гардиданд.
Ба муколамаи сиёсӣ дар доираи Иттиҳод диққати махсус зоҳир хоҳад шуд.
– Имрӯз, дар шароите, ки вазъият дар ҷаҳон торафт мураккабтар мешавад, нигоҳ доштани имкони баррасии оромонаи ҳама гуна масъала, шунидани ҳамдигар ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли барои ҳама қобили қабул ниҳоят муҳим аст, – гуфт роҳбари давлат.
Бо назардошти иқтидори назарраси истеҳсолӣ, захира, технология ва бозорҳои кишварҳои ИДМ, пешниҳод гардид, ки дар соҳаи иқтисодиёт таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории саноатӣ равона карда шавад.
– Агар мо ин салоҳияти худро баҳам оварем, иқтидорҳои муштараки истеҳсолиро офарем ва занҷираҳои устувори таъминотро ба роҳ монем, натиҷа барои ҳамаи иштирокдорон боз ҳам назаррастар хоҳад буд, – гуфт Президент.
Дар ин самт бартараф намудани монеаҳое, ки ба тиҷорат миёни кишварҳо халал мерасонанд, аҳамияти хоса дорад.
Ба самти марбут ба технологияҳои рақамӣ низ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ин соҳа набояд танҳо бо самтҳое маҳдуд шуд, ки аллакай дар марҳалаи кунунӣ хуб рушд кардаанд.
– Мо бояд дар соҳаҳое якҷоя кор кунем, ки барои ба пеш қадам ниҳодан ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакатҳоямон дар солҳои наздик мусоидат кунанд. Дар ин маврид, сухан дар бораи маъданҳои муҳим, зеҳни сунъӣ, робототехника, маводи нав ва технологияҳои муосири энергетикӣ меравад. Маҳз ҳамин соҳаҳо имрӯз самтҳои муҳиме мебошанд, ки салоҳиятҳои худро инкишоф диҳем ва лоиҳаҳои муштаракро офарем, то аз равандҳои пешрафта қафо намонем, — гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Нақлиёт ҳамчун самти дигари афзалиятноки раёсат муайян гардид. Гуфта шуд, ки Осиёи Марказӣ тадриҷан ба гиреҳи муҳими нақлиётӣ миёни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб табдил меёбад.
– Мо бояд аз ин имкониятҳо пурра истифода барем. Барои ин содда кардани расмиёти транзитӣ ва ташкили масирҳои қулай, бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд муҳим аст, – гуфт роҳбари давлат.
Дар давраи раёсати Ӯзбекистон таъмини амният ва субот низ яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ боқӣ хоҳад монд.
– Мо кори ниҳодҳои соҳавии ИДМ ва талошҳои кишварҳоямонро дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ дастгирӣ мекунем. Дар ин маврид, сухан дар бораи терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ меравад. Ин ҳама таҳдидҳо аллакай аз марзҳои давлатҳои алоҳида берун рафтаанд, – гуфт роҳбари давлат.
Имрӯз ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ, ки бевосита ба шаҳрвандони одӣ, намояндагони тиҷорат, бонк ва низомҳои давлатӣ таъсир расонда, босуръат густариш меёбад, диққати махсус дода мешавад.
Ҳамкории байни инсонҳо чун самти аз ҳама афзалиятнок арзёбӣ гардид. Маҳз ҳамин робитаҳо то андозае устувории муносибатҳои байнидавлатиро муайян мекунанд.
Зарурати васеъ намудани имкониятҳои мавҷуда барои мулоқот, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва фаъолияти муштараки донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, олимон, муҳаққиқон ва намояндагони касбу кори эҷодӣ таъкид шуд.
– Дар маркази тамоми фаъолияти мо бояд инсон, қадру қимат, манфиат ва намоён кардани имкониятҳои ӯ қарор дошта бошанд. Танҳо дар он сурат ИДМ ҳамчун фазое пазируфта мешавад, ки дар он метавон таҳсил кард, фаъолият пеш бурд, лоиҳаҳои нав таъсис дод, шарикон пайдо кард ва ояндаи худро бунёд сохт, – махсус таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Дар анҷом таъкид гардид, ки Ӯзбекистон дар давраи раёсат дар ИДМ азми қатъӣ дорад, то ҳамаи дастовардҳоеро, ки самарабахшии худро собит кардаанд, ҳифз намуда, ҳамзамон ба рушди самтҳое, ки имрӯз пайдо кардани роҳҳои ҳалли навро тақозо мекунанд, такони иловагӣ бахшад.
Президенти Ӯзбекистон ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш аз таҳти дил сипосгузорӣ намуд.
Аз рӯйи ҷамъбасти ҳамоиш бастаи созишнома ва қарорҳо дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ ба имзо расид.