Дар ин маҷмааи бошукӯҳ таърихи чандинасринаи халқи мо, симои алломаҳои бузург ва ниёгони ҷаҳонгири мо, инчунин рӯйдодҳои муҳими рушди кишварамон таҷассум ёфтаанд. Мурғи Ҳумое, ки дар қуллаи монумент қарор дорад, ғояҳои озодиву некӣ ва орзуву ормонҳои наҷиби халқамонро ифода мекунад.

Дар маросиме, ки ба муносибати 35-солагии истиқлолияти Ватанамон баргузор гардид, намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, Девони Вазирон ва вакилони ҷамъиятии шаҳри Тошканд иштирок карданд.