8 октябр роҳбари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» баргузор гардид, иштирок кард. Президенти мо пешниҳодҳоро аз рӯйи рушди ҳамкории саноатӣ, таҳкими пайвастагии нақлиётӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, инчунин ҳалли муштараки масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва экология ба миён гузошт. Дар анҷоми мулоқот Эъломияи муштарак қабул ва як қатор санадҳои бисёрҷониба ба имзо расиданд.
Дар доираи ҳамоиш бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов музокирот баргузор гардид. Ба имзо расидани Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои шарикии стратегии сатҳи олӣ натиҷаи муҳими ин музокирот буд. Роҳбари давлат ҳамчунин бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот анҷом дод ва якҷо бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви ИДМ аз Фестивали таомҳои миллӣ боздид кард.
9 октябр Президент дар ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуд. Роҳбари давлат зимни суханронии худ пешниҳодҳоеро оид ба густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва саноатӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, инчунин мубориза бо ҷинояткории киберӣ пешбарӣкард. Сарвари мамлакат дар ҷамъомади васеи ҳамоиш самтҳои афзалиятноки раёсати Ӯзбекистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2027 баён намуд. Дар анҷоми ҳамоиш бастаи санадҳо ба имзо расид.
Пас аз анҷоми чорабиниҳо дар фурудгоҳи шаҳри Туркманбошӣ Президенти Ӯзбекистонро муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Ботир Аннаев ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Роҳбари давлат ба Тошканд баргашт.