Дар натиҷаи корҳое, ки тӯли солҳои охир анҷом ёфтанд, Ӯзбекистон
дар раддабандии байналмилалии омодагӣ ба истифодаи зеҳни сунъӣ 25 зина боло
рафта, ба мақоми 62-юм баромад. То соли 2030 ба қатори 50 давлати пешсафи ин
раддабандӣ дохил намудани кишвар чун ҳадафи асосӣ муқаррар гардидааст.
Инчунин, ба 1,5 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҳсулоту
хидматрасониҳое, ки дар пояи зеҳни сунъӣ таҳия шудаанд, васеъ намудани
инфрасохтор ва татбиқсозии беш аз 200 лоиҳаи нав ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки технологияҳои соҳа
босуръат тағйир меёбанд. Аз ин рӯ, таҳлили пайвастаи тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ,
ҳарчи зудтар азхуд намудани дастовардҳои пешрафта ва пешбарии ташаббусҳои навро
муҳим арзёбӣ кард.
Нахуст, дар тақдимот масъалаҳои рушди инфрасохтори
муосири ҳисоббарорӣ баррасӣ гардиданд.
Моҳи гузашта дар маркази додаҳои «Ҳукумати рақамӣ»
суперкомпутере, ки бар асоси технологияҳои ширкати “NVIDIA”-и ИМА сохта
шудааст, ба кор андохта шуд. Он аз рӯи иқтидор дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми
321-умро ишғол кардааст. Дар давоми як моҳ сарбории кластер ба 90 фоиз расид,
ки ин аз талаботи баланди кишвар ба иқтидорҳои ҳисоббарорӣ гувоҳӣ медиҳад.
То имрӯз инфрасохтори муосири ҳисоббарорӣ ба маблағи 24
миллион доллар мавриди истифода қарор гирифтааст. Пешниҳод гардид,
ки барои тавсеаи кластери мавҷуда боз 70 миллион доллар ҷудо карда шавад. Дар
бораи манбаъҳои маблағгузорӣ, муҳлати ворид намудани таҷҳизоти зарурӣ, инчунин,
лоиҳаҳои бунёди марказҳои додаҳо дар Қароқалпоқистон, ки дар ҳамкорӣ бо
сармоягузорони хориҷӣ амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд.
Гуфта
шуд, ки самарадории роҳҳои ҳалли зеҳни сунъӣ бевосита ба сифати пойгоҳи
маълумот вобаста аст. Бинобар ин, ҷиҳати ба рӯйхат гирифтани маълумоти мавҷудаи
вазорату идораҳо, таъмини пуррагӣ, эътимоднокӣ ва мутобиқати онҳо, ташаккули маҷмӯи
маълумоти бахшҳои гуногун вазифаҳо гузошта шуданд.
Зикр
гардид, ки танҳо дар соли ҷорӣ шумораи лоиҳаҳое, ки дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
бо истифода аз зеҳни сунъӣ амалӣ мешаванд, бояд аз 100 адад зиёд гардад. Лоиҳаҳое,
ки дар самтҳои тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, гумрук, хидматҳои ҳуқуқӣ,
амнияти ҷамъиятӣ, экология ва геология таҳия мегарданд, муаррифӣ шуданд.
Дар
ин самт роҳандозии ҳамкории мунтазам бо резидентҳои “IT Park”, стартапҳо ва
зиёда аз 20 озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ муҳим арзёбӣ гардид. Соли ҷорӣ ба 300 адад
расонидани шумораи резидентҳои фаъол пешбинӣ шудааст. Инчунин, ҳаҷми
хизматрасониҳо ба 2 триллион сӯм, содирот ба 160 миллион доллар хоҳад расид.
Ба
масъалаи омодасозии кадрҳо низ диққати махсус дода шуд. То имрӯз беш аз 1,5
миллион нафар корбар оид ба зеҳни сунъӣ соҳиби сертификати махсус шудаанд.
Инчунин, 900 нафар роҳбар, беш аз 3 ҳазор хидматчии давлатӣ, ҳазор корманди
бонк ва 200 нафар мушовир дар курсҳои махсус таълим гирифтанд.
Вазифа
гузошта шуд, ки дар ду соли оянда лоиҳаи «Панҷ миллион пешвои зеҳни сунъӣ»
пурра амалӣ гардида, барои донишомӯзон, донишҷӯён, омӯзгорон ва қишрҳои
гуногуни аҳолӣ маводи муосири таълимию методӣ таҳия карда шавад.
Дар
шаҳрҳои Нуқус, Самарқанд, Тирмиз, Бухоро, Фарғона, Андиҷон, Гулистон ва Ҷиззах
хакатонҳо ва озмунҳои соҳавӣ баргузор гардиданд. Озмуни «Беҳтарин стартап дар
самти зеҳни сунъӣ» оғоз ёфт. Супориш шуд, ки чунин хакатонҳо дар ҳамаи минтақаҳо
ташкил карда шаванд.
Ҳамчунин,
фаъолияти мушовирони ҳокимони вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо оид ба зеҳни сунъӣ баррасӣ
шуданд. Аз байни 500 номзад 222 нафар мушовир интихоб шудаанд. Таъкид гардид,
ки ба ин вазифаҳо бояд ҷавонони соҳибтахассусе, ки дар хориҷ таҳсил карда,
технологияҳои муосирро амиқ аз худ намудаанд, бештар ҷалб гардида, фаъолияти онҳо
аз рӯи натиҷаҳои мушаххас ва нишондиҳандаҳои самарадорӣ арзёбӣ шавад.
Инчунин,
вазифа гузошта шуд, ки барои мониторинг ва дастгирии кори мушовирон, лоиҳа ва
ташаббусҳои онҳо фаъолияти платформаи махсуси рақамӣ ба роҳ монда шавад.
Дар
раванди муаррифӣ дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ низ
баррасӣ гардид. Маълум аст, Ӯзбекистон чанде пеш ба WAICO – Созмони ҷаҳонии ҳамкорӣ
дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз давлатҳои муассис шомил шуд.
Акнун
тавассути иштирок дар фаъолияти ин созмон, зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои
пешрафта, моделҳои бузурги забонӣ ва роҳҳалҳои табдили рақамӣ дар кишвар, татбиқсозии
лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои технологӣ ва муассисаҳои илмии хориҷӣ ва
пешбарии ташаббусҳои нав оид ба омодасозии мутахассисони баландихтисос таъкид
гардид.
Президенти
мамлакат ба масъулон ҷиҳати пайваста афзоиш додани иқтидорҳои ҳисоббарорӣ, зиёд
намудани шумораи лоиҳаҳои амалӣ дар бахшҳо, созмон додани пойгоҳҳои маълумоти
босифат, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва стартапҳо, инчунин густариши ҳамкориҳои
байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дод.