Дар ин ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои
узви СҲШ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони доираҳои
таҳлилӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок намуданд.
Ҳайати Ӯзбекистонро
муовини вазири корҳои хориҷӣ Мирвоҳид Азимов
роҳбарӣ кард.
Зимни конфронс ҷонибҳо нақши Осиёи Марказиро ҳамчун меҳвари
ҷуғрофӣ ва стратегии СҲШ, ки дар таъмини рушди устувор ва субот дар фазои
созмон нақши калидӣ мебозад, баррасӣ намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои таҳкими
робитаҳои нақлиётӣ ва иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва
такмили фаъолияти СҲШ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.