Гуфта мешавад, ки барои пешгирии нороҳатии мусофирон ва
таъмини фаъолияти бефосилаи низоми хунуккунӣ ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳавои
беруна аз +28°C, ҳанӯз 30 апрели соли 2026 ба ҳамаи ширкатҳои ҳамлу нақл
дастури дахлдори №1/E-410 ирсол гардида буд.
Айни ҳол муассисаи давлатии «Мониторинг ва назорати ҳамлу
нақли мусофирбари шаҳри Тошканд» санҷишҳоро дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурзӯр
намудааст.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ба муроҷиатҳои
мусофирон фавран вокуниш нишон дода, шикоятҳоро сари вақт баррасӣ намоянд ва
нисбат ба ширкатҳои ҳамлу нақле, ки талаботи муқарраршударо риоя намекунанд,
чораҳои қатъии интизомӣ андешанд.