Аз ҷумла, дар гузаргоҳи назоратии БДА-и «Намангон» дар ноҳияи Поп автомошинаи тамғаи «Cobalt», ки дар самти «Тошканд — Намангон» ҳаракат мекард, боздошт ва аз назар гузаронида шуд.

Дар натиҷа, дар сумкаи як мусофири сокини шаҳри Намангон, соли таваллудаш 1989, ки қаблан суд шудааст, 3 килограмму 956 грамм маводи «ҳашиш» дарёфт гардида, ҳамчун далел ба расмият дароварда шуд.

Ҳангоми санҷиши пешазтафтишотӣ муайян гардид, ки ин шахс бо ҳамшаҳри худ, ки ӯ низ соли таваллудаш 1989 буда, қаблан суд шудааст, бо маслиҳати пешакӣ ин маводи марговарро тавассути роҳҳои ғайриқонунӣ аз давлати ҳамсоя ворид кардааст. Ин шахс низ тибқи тартиби мурофиавӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин қочоқбарони маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.