Мувофиқи барномаи будубош дар шаҳри Боку ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ баргузор мегарданд. Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Озарбойҷон баррасӣ хоҳанд шуд.
Роҳбари кишвари мо ҳамчунин дар кори навбатии ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Ханкенди баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.