Ҳадди ақал 50 нафар дар натиҷаи зарбаҳои артиши Исроил дар сектори Ғазо дар тӯли 24 соат ҳалок шуданд. Дар ин бора телевизиони қатарии Al Jazeera хабар додааст.
Ба гуфтаи телевизион ба бемористони "Камал Адван" дар шимоли Ғазо зарбаҳои шадид анҷом дода мешаванд.
Ба иттилои вазорати тандурустии минтақа, бештар аз 45,2 ҳазор фаластинӣ кушта шуда, зиёда аз 107,6 ҳазор ҷароҳат бардоштанд дар натиҷаи амалҳои неруҳои исроилӣ дар Ғазо аз оғози амалиёти низомӣ дар октябри соли 2023, хабар медиҳад tass.ru.