Ба гуфтаи коршинос, агар шаҳрванд вояи аввалини ваксинаро гирифта,  бо вояи дуввум эм нашуда бошад ё дар ду марҳила эм карда шуда, вояи сеюми ваксинаро нагирифта бошад, пас ӯ метавонад марҳилаҳои минбаъдаи гузарондани вояи ваксинаро дар давоми 12 ҳафта анҷом диҳад.

Мувофиқи гуфтаи Қурбонов, агар фосилаи байни ваксинаҳо аз 12 ҳафта, яъне зиёда аз 3 моҳ зиёд бошад, эмкунӣ  аз вояи аввал оғоз меёбад. Ин қоида ба ҳама намуди ваксина дахл дорад.