Сироят бо COVID-19 пас аз эмкунӣ метавонад ба ҳама штаммҳои вирус "супер-иммунитет" ҳосил кунад

    Тандурустӣ 21 Dekabr 2021 829

    Тибқи маълумоти охирин, қавитарин вокуниши иммунӣ ба коронавирус дар одамоне аст, ки қаблан гирифтори COVID-19 буданд ва баъдан ваксина гирифтаанд. Тадқиқоти хурди лабораторӣ нишон дод, ки сирояти рахнашаванда пас аз ваксиназанӣ бо "Pfizer" метавонад муҳофизати пурқувватро таъмин кунад. Натиҷаҳо дар маҷаллаи "JAMA Network" нашр шудаанд.

    Биологҳои молекулярӣ аз Донишгоҳи Орегон зардоби хуни 26 бемореро, ки пас аз ваксина ба коронавирус гирифтор шудаанд, инчунин намунаҳои 26 нафари дигарро пас аз эмкунӣ, ки гирифтори сирояти COVID-19 набуданд, ҷамъоварӣ карданд. Дар пажӯҳиши in vitro олимон қобилияти безараргардонии тамоми хунобаҳоро бар зидди варианти "делта"-и вирус, ки ҳоло дар аксари кишварҳо бартарӣ дорад, арзёбӣ карданд, менависад "Medportal.ru".

    Маълум шуд, ки сатҳи антитело дар намунаҳои зардоби беморони гирифтори сирояти рахнашаванда дар муқоиса бо гурӯҳи назоратӣ, ки ду ҳафта пеш ваксина гирифтаанд, тақрибан 1000% зиёдтар ва бар зидди вируси зинда самараноктар будааст.

    Аз 26 ҳолати сирояти рахнашаванда, 10-тои он ба варианти “делта”, 10-тояш ба варианти “алфа” ва коронавируси “аслӣ” тааллуқ дошт, ҳамаи штаммҳои дигарро муайян кардан мумкин набуд. Қобилияти пурқуввати безараргардониро намунаҳои плазмаи хуни беморони гирифтори варианти "делта" нишон додааст.

    "Мо варианти "омикрон"-ро махсус таҳқиқ накардаем, аммо мо интизорем, ки сироятҳои рахнашаванда аз ин штамм дар одамони ваксинашуда як вокуниши қавии иммуниро ба вуҷуд оранд. Натиҷаҳои мо ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки беморони ваксинашуда, ки баъдан сироят ёфтаанд, супер-иммунитет" доранд", - гуфт муаллифи пешбари тадқиқот Фикаду Тафессе.

    Азбаски ин тадқиқоти лабораторӣ аст, натиҷаҳои онро якранг шарҳ додан мумкин нест ва маълумотҳои дақиқтар пас аз мушоҳидаи дарозмуддати гурӯҳҳои гуногуни беморон ба даст оварда мешаванд, қайд карданд олимон.

    "Аммо мо тахмин мекунем, ки дар ояндаи дарозмуддат умед ба коҳиши шиддати пандемия вуҷуд дорад", - мегӯянд коршиносон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates