Дар рафти он доир ба фаъолияти Вазорати талими олӣ, илм ва инноватсия ва корҳо дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия дар Ӯзбекистон маълумот дода шуд.
Ҳамчунин фаъолияти ин фонд, лоиҳаҳои дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ татбиқшаванда, механизмҳои маблағгузорӣ, барномаи Education Above All (EAA) дар соҳаи маориф, ҳамкорӣ дар самти омодасозии занони муҳандис дар Ӯзбекистон ва таъсиси барномаҳои махсуси грантӣ барои донишҷӯёни ӯзбек низ баррасӣ шуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ оид ба пешниҳоди грантҳо аз ҷониби Фонди рушди Қатар барои пӯшонидани хароҷоти таълими донишҷӯдухтарон, ки дар Ӯзбекистон STEM меомӯзанд, инчунин дастгирии корхонаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои акселератсияи стартапҳо созишномаҳои пешакӣ ба даст оварда шуданд.