Дар вилояти Тошканд ба муайян ва ҷазо додани шаҳрвандони эмнашуда шурӯъ карданд

    Тандурустӣ 18 Noyabr 2021 763

    Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии ҷамъиятии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба тафтиши иҷрои талабот оиди эмкунии ҳатмии кормандони як қатор соҳаҳоро  гузаронд.

    Бинобар иттилои Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии ҷамъиятӣ ҳангоми дар вилояти Тошканд баргузор намудани 1863 чорабинӣ муқаррар шуд, ки 6526 шаҳрванд ваксинаи зидди коронавирусро нагирифтаанд. Маълум шуд, ки 5035 нафар шаҳрвандон дар ташкилотҳои буҷетӣ кор мекунанд ва 1402 нафари эмнашудагон бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

    Инчунин дар вилояти Тошканд 3608 нафар шаҳрвандон барои риоя накардани эмгузаронии зидди COVID-19 ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, 3229 нафар корманд муваққатан аз кор маҳрум карда шуда, 374 нафар ба таври дахлдор ҷарима андохта, фаъолияти панҷ объекти соҳибкорӣ боздошта шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates