Ҳайати вакилони Агентии «Ӯзбеккосмос» бо роҳбарияти вазорати кишоварзӣ мулоқот кард

    Чанд рӯз қабл мулоқоти ҳайати вакилон бо сардории директори Агентии «Ӯзбеккосмос» Шуҳрат Қодиров ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Воитов, инчунин намояндагони вазорат баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ Агентии «Ӯзбеккосмос» дар бораи корҳои оид ба васеъ намудани сатҳи истифодаи технологияҳои кайҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, яъне дар соҳаи кишоварзӣ, обу ҷангал, муносибатҳои замин, геология ва маъданҳо, инчунин дар сохаи экология ва мухит анҷомдодашуда маълумоти муфассал дод.

    Аз ҷониби Агентии “Ўзбеккосмос” таҷрибаи рақамгардонии хоҷагии об, дурнамои татбиқи платформаи коркарди ҳудудҳои калон бо истифода аз технологияҳои пешқадам муҳокима шуд.

    Ҳамзамон, вазъи кунунии лоиҳаи мониторинги корҳои обёрӣ аз манбаи об то контуре, ки зироатҳо ҷойгиранд, баҳодиҳии эҳтиёҷоти об ва самаранокии обёрӣ, ки бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ амалӣ мегардад, баррасӣ гардид. Дар пайи мулоқот ҷонибҳо дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ оид ба рақамисозии идоракунии захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи мониторинги кайҳонӣ ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates