Партияи дуюми доруи гепатити C аз Миср ба Ӯзбекистон ворид шуд

    Тандурустӣ 10 Iyun 2025 624

    Ба шаҳри Тошканд аз Шарм-эл-Шейхи Миср партияи дуюм доруи зидди гепатити С бо номи «Софосбувир-400 мг» ворид гардид. Дар маҷмӯъ, 7440 воя дору дар 28 қуттӣ бо арзиши умумии 114 829 доллари ИМА ба Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

    Тибқи Барномаи миллии решакансозии гепатити С дар Ӯзбекистон то соли 2030, ин доруҳо миёни бемороне, ки барои муолиҷа ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии вирусологияи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон муроҷиат мекунанд, тақсим карда мешаванд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ба иттилои Сафорати Ӯзбекистон дар Қоҳира, ҳукумати Миср то кунун 12,4 тонна доруи «Даклатасвир» ва «Софосбувир», ки барои муолиҷаи гепатити С истифода мешаванд, дар шакли 27 партия дар солҳои 2023–2024 ба Ӯзбекистон фиристодааст. Арзиши умумии ин доруҳо 1,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

    Тибқи арзёбии мутахассисон, доруҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Миср пешниҳод мешаванд, ба Ӯзбекистон имконият медиҳанд, ки хароҷоти буҷети давлатиро коҳиш диҳад. Маблағҳои сарфашуда барои афзоиши ҳаҷми ташхиси сартосарии аҳолӣ ҷиҳати ошкорсозии гепатит ва дигар вирусҳои пинҳонӣ равона гардида, имкон медиҳанд, ки ин беморӣ то соли 2030 пурра решакан карда шавад.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates