Аз Миср аввалин партияи доруҳо бар зидди гепатити «С» дар соли 2025 оварда шуд

    Тандурустӣ 2 Iyun 2025 807

    Бо мусоидати Сафорати Ӯзбекистон дар Миср, аввалин партияи доруҳои зидди гепатити «С» дар соли 2025 ба Ӯзбекистон расонида шуд.

    Ин лоиҳаи башардӯстона дар доираи татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати табобати 100-фоизаи бемории гепатити «С» дар кишвар амалӣ гардид, хабар медиҳад АМИ «Дунё».

    Дар натиҷаи музокирот миёни намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустии Миср ба мувофиқа расида шуд, ки доруи «Sofosbuvir-400mg» барои табобати гепатити «С» ба таври ройгон дар ҳаҷми 7440 ҳаб (дар 31 баста) ба маблағи умумии 114829 доллари ИМА ба кишвари мо дода шавад. Ин доруҳо 31 май тавассути хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» дар масири «Шарм-эш-Шейх – Тошканд» ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд.

    Дар доираи татбиқи барномаи миллии решакансозии гепатити «С» то соли 2030 дар Ӯзбекистон, ин доруҳо ба бемороне, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмии вирусологияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муолиҷа мегиранд, тақсим карда мешаванд.

    Бино ба маълумоти Сафорати Ӯзбекистон дар Қоҳира дар солҳои 2023–2024 ҳукумати Миср дар доираи кӯмаки башардӯстона ба кишвари мо 27 қисмати доруҳои «Daclatasvir» ва «Sofosbuvir» бо вазни умумии 12,4 тонна барои мубориза бо гепатити «С» тақдим намудааст.

    Арзиши умумии ин доруҳо 1,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates