Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифт, ба анҷом расид.
Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Садир Жапаров ба комбинати қолинбофии «Хива гиламлари» ташриф оварданд.
Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳамроҳи хонумҳои аввали ду кишвар аз маҷмааи Ичан-қалъа ва маҷмааи саройи Нуриллобой дар шаҳри Хива дидан карданд.