Кластери фармасевтӣ идоракунӣ, илм, таълим ва истеҳсолотро муттаҳид мекунад

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 декабр аз кластери инноватсионии илмӣ-истеҳсолии фармасевтии "Tashkent Pharma Park" боздид намуд.

    Ин маҷмаа тибқи қарори Сарвари давлат аз 28 январи соли 2020 таъсис дода шуда, 17 апрели ҳамон сол санги асоси он гузошта шудааст.

    Дар марҳилаи аввал, дар ҳудуде, ки масоҳаташ тақрибан 20 гектарро ташкил медиҳад, технопарк сохта мешавад, ки он маркази маъмурӣ, маркази илмӣ-тадқиқотӣ (R&D), лабораторияи назорати бехатарии маҳсулоти фармасевтӣ, маркази тадқиқоти клиникӣ, Донишгоҳи техникии фармасевтӣ ва виварияро дар бар мегирад.

    Айни ҳол сохтмони маркази маъмурӣ ба анҷом расидааст. Дар бинои 11-ошёна Агентии рушди соҳаи фармасевтӣ, толори конфронсҳо, маркази коворкинг, бизнес-инкубатор, осорхонаи таърихи соҳа ва китобхона ҷойгир шудаанд.

    Президент бо фаъолияти агентӣ ва ҷараёни сохтмони дигар биноҳо шинос шуд.

    Мақсадҳои асосии кластер рушд додани соҳаи фармасевтии кишвар тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта, ҳамгироӣ ба системаи инноватсионии байналмилалӣ, истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва воситаҳои босифат, инчунин тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мебошад. Барои татбиқи ин вазифаҳои васеъмиқёс дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ҳудуди 190 гектар замин ҷудо шудааст.

    Дар минтақаи саноатӣ 21 лоиҳаи арзиши умумиаш 818 миллион доллар ҷойгир шудааст. Аввалин лоиҳа, маркази дистрибюторӣ "Grand Pharm Logistics Hub" бо арзиши 40 миллион доллар фаъолиятро оғоз намуда, 300 ҷойи корӣ таъсис дод. Корхонаҳо бо ширкати ширкатҳои Туркия, Ҳиндустон, Чин, Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия сохта мешаванд.

    Президент бо ташаббускорони лоиҳаҳо суҳбат намуд. Таъкид гардид, ки ҷалб ва дастгирии сармоягузорӣ пайваста идома хоҳад ёфт.

    Дар оянда дар ҳудуди минтақаи саноатӣ татбиқи 20 лоиҳа ба маблағи 620 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

    Дар маҷмӯъ, кластер доруҳо ва таҷҳизоти тиббии босифат, маҳсулоти локализатсияшударо истеҳсол намуда, 8 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам меорад. Маркази амалиётҳои мувофиқ (GxP) сифату мутобиқати маҳсулотро дар ҳамаи марҳилаҳо, аз истеҳсолот то расондан ба истеъмолкунанда таъмин хоҳад кард.

    Ба Сарвари давлат дар бораи Донишгоҳи техникии фармасевтӣ иттилоъ дода шуд, ки он низ як қисми кластер хоҳад гардид.

    Дар донишгоҳ маркази фармакопейӣ, китобхона, маҷмааи варзишӣ ва манзил барои омӯзгорон ва мутахассисони хориҷӣ таъсис дода мешаванд. Дар ин ҷо мутахассисони баландихтисос аз рӯи равияҳои фарматсияи саноатӣ, биотибиёт, биокимиё, биотехнология, биофармасевтика ва кимиёи фармасевтӣ омода карда мешаванд. Барои ин, таълим бо истифода аз барномаҳои байналмилалӣ ташкил шуда, инчунин лабораторияҳои микробиология, биотехнология, биологияи ҳуҷайравӣ, фармакология ва кимиёи таҳлилӣ таъсис дода мешаванд.

    Донишгоҳ аллакай дар ҳамин соли таҳсил донишҷӯёни нахустинашро қабул кардааст. Президент бо онҳо суҳбат кард.

    – Мо сармоягузоронро аз кишварҳои пешрафта ҷалб мекунем. Онҳо ба Ӯзбекистон чӣ гуна баҳо медиҳанд? Аз тариқи муошират бо шумо. Боигарии асосии кишвари мо – ҷавонон аст! Назар ба пул прадохтан ба мутахассисони хориҷӣ ва аз онҳо вобаста шудан, беҳтар аст, ки барномаҳои пешрафтаро дар соҳаи фармасевтика истифода карда, мутахассисони худро тайёр кунем. Аз ин рӯ, мо донишгоҳи нав таъсис дода, таҳсилоти дуалиро ҷорӣ мекунем. Дар ин ҷо шумо на танҳо донишҳои назариявӣ гирифта метавонед, балки онҳоро дар амалия татбиқ мекунед, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Ба хатмкунандагони донишгоҳ дипломҳои намунаи байналмилалӣ аз донишгоҳҳои Ёнсе (Кореяи Ҷанубӣ), Сандерленд ва Де Монфор (Британияи Кабир) дода мешаванд. Ғайр аз ин, ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои Данди, Пусан ва Пердю ба роҳ монда шудаанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates