Ҳадафи ФАО дар Ҳафтаи минтақавии илм ва инноватсия аз он иборат аст, ки ба ҳукуматҳо, муассисаҳои тадқиқотӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ форум барои муҳокима ва табодули таҷриба оид ба ҳамгироии илм, тадқиқот, инноватсия, инчунин механгизмҳои ҳамкорӣ бо сиёсат дар раванди тезондани гузариш ба системаҳои нисбатан устувор, фарогир ва устувори кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани майдон иборат аст.
Рӯзи илм ва инноватсия дар Тошканд аз ҷониби Идораи кишварии ФАО дар Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ташкил карда мешавад. Чорабинӣ ба ҳамгироии илм, амалия ва сиёсат барои татбиқи минбаъдаи идоракунии захираҳои замин (Integrated Land Management - ILM) дар Ӯзбекистон бахшида шудааст. Дар он қариб 50 кас, аз ҷумла профессорон, олимони илмӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони хоҷагиҳо иштирок доштанд.
Қайд карда шуд, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин дар мандати ФАО, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст, ҷои муҳимро ишғол мекунад. Хокҳо асоси истеҳсоли ғизо ва бисёр хидматҳои муҳими экосистема мебошанд. Таъкид гардид, ки идоракунии устувори захираҳои хок бо истифода аз усулҳои инноватсионии пешқадам ба беҳтар шудани арзиши ғизоии маҳсулоти кишоварзӣ, мутобиқшавӣ ва рафъи тағйироти иқлим мусоидат мекунад.
Бо дастгирии молиявии Фонди глобалии экологӣ (GEF) ФАО дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузургеро амалӣ менамояд, ки ба таҳкими устувории экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳифзи гуногунии биологӣ нигаронида шудаанд. Лоиҳаи минтақавии «Идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ дар ландшафтҳои хушксолӣ ва шӯрзамини кишоварзии Осиёи Марказӣ ва Туркия», инчунин лоиҳаҳои «Барномаи арзёбии таъсири системаҳои озуқаворӣ ба истифода ва барқарорсозии замин дар Ӯзбекистон» ва «Барномаи устувор идоракунии ҷангалҳо ва чарогоҳҳо дар заминҳои лалмии экосистемаҳои Ӯзбекистон”, ки якҷоя бо Вазорати Экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешаванд, аз ҷумлаи онҳост.
Дар доираи Рӯзи илм ва инноватсия дар мавзӯи истифодаи дастовардҳои илм ва инноватсия барои татбиқи минбаъдаи идоракунии комплексии замин дар Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаҳои дар боло зикргардидаи ФАО суханрониҳо садод доданд. Намояндагони ҷомеаи илмӣ, коршиносони ФАО, мутахассисони вазорату идораҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро дар ин самт баррасӣ карданд.