Фигуристони Ӯзбекистон дар номинатсияи «Беҳтарин навкор» ғолиб шуданд

    Варзиш 1 Aprel 2025 1559

    Иттифоқи байналмилалии конкикашӣ (ISU) натиҷаҳои беҳтарини мавсими имсоларо эълон кард. Аз рӯйи парвози фигуранок аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ҷуфти Дмитрий Чигирев ва Екатерина Гейниш дар номинаи «Беҳтарин дебютант» ғолиб шуданд.

    Дар мавсими имсола ҳамватанони мо бори аввал дар мусобиқоти байналмилалӣ байни калонсолон ширкат карданд. Новобаста аз ин, онҳо дар Бозиҳои зимистонаи осиёии Ҳарбин-2025 медалҳои тилло ва дар Гран-прии Канада медалҳои нуқра гирифтанд.

    Инчунин дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Бостон гузаронида шуд, дар даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифта, барои иштирок дар Олимпиадаи зимистонаи Милан-Кортина-2026 роҳхат ба даст оварданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates