Таълими гибридӣ дар соли нави таҳсил идома хоҳад ёфт

    Таълим 9 Avgust 2021 1533

    Бо наздик шудани соли нави таҳсили 2021-2022, волидон суол медиҳанд, ки он дар кадом шакл сурат хоҳад гирифт.

    Шумораи ошкоркунии ҳолатҳои коронавирус дар кишвари мо, чун дар тамоми ҷаҳон идома дорад. Мутаассифона, дар муқоиса бо соли гузашта, паҳншавии ин беморӣ дар байни кӯдакони синни мактабӣ низ афзоиш ёфтааст.

    Ба ин муносибат Вазорати маорифи халқ хабар медиҳад, ки дар соли нави таҳсили 2021-2022 мактабҳо барои идомаи раванди таълим дар шакли гибридӣ омодагӣ мебинанд. Вобаста ба вазъи карантинӣ дар мактаб бинобар пешниҳоди марказҳои назорати санитарию эпидемиологӣ бо қарори Шӯроҳои маҳаллӣ баъзе мактабҳо метавонанд баста, ба шакли дури таълим гузаронда шаванд.

    Дар чунин ҳолатҳо донишҷӯён таҳсили худро муваққатан дар хона идома медиҳанд. Бо мақсади фароҳам овардани имконият барои таълими фосилавӣ, пахши видео-дарсҳо дар шабакаҳои телевизионии Ширкати миллии Телевизиону радио дар доираи лоиҳаи "Мактаби онлайн" дар соли нави таҳсил идома хоҳад ёфт.

    Бо назардошти вазъи кишвар Вазорати маорифи халқ аз тамоми кормандони система хоҳиш мекунад, ки ҳарчи зудтар ваксина гиранд, то таълими анъанавӣ пурра барқарор карда шавад. Ягон системаи муосири таълими фосилавӣ наметавонад таълими анъанавии мактабро иваз кунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates