Исроил барои сайёҳони хориҷӣ, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд, бақайдгирии онлайниро кушод

    Муҳим 19 Iyun 2025 1850

    Вазорати сайёҳии Исроил бақайдгирии сайёҳони хориҷиро, ки бо сабаби вазъияти феълӣ мехоҳанд кишварро тарк кунанд, роҳандозӣ намудааст. Барои ворид кардани маълумот зарур аст, ки шакли онлайниро пур кунед: Шакли бақайдгирӣ

    Маълумоти воридшуда дар реестри рақамӣ нигоҳ дошта шуда, дар ҳолати зарурӣ ба Шӯрои амнияти миллӣ ва Вазорати нақлиёти Исроил барои ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоӣ интиқол дода мешавад.

    Дар ҳоли ҳозир дар Исроил тақрибан 38 ҳазор сайёҳи хориҷӣ қарор доранд.

    Ҳамаи гузаргоҳҳои заминии марзӣ бо Урдун ва Миср дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд ва бисёриҳо барои хориҷ шудан аз кишвар маҳз ин роҳро интихоб мекунанд.

    Барои сайёҳон инчунин дафтари иттилоотии виртуалӣ шабонарӯзӣ фаъол аст, ки тавассути роҳҳои зерин дастрас мебошад:

    📧 Email: virtual@goisrael.gov.il

    📱 WhatsApp: +972-53-583-5808

    🌐 Facebook: IsraelVirtualTouristOffice

    Вазорати сайёҳӣ инчунин ҳамоҳангии худро бо меҳмонхонаҳо ва дигар муассисаҳо ба роҳ мондааст, то ба сайёҳони хориҷӣ кӯмак расонад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates