Назорати сифати маҳсулот пурзӯр карда мешавад

Барои таъмини воридоти маҳсулоти хушсифат ва бехатар ба бозори дохилӣ:

тартиби ба муомилоти озод дар ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани навъҳои алоҳидаи мҳсулоти дорои дараҷаи хавфи баланд баъди бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ карда мешавад;

ба резидентҳои Ўзбекистон воридоти намудҳои ҷудогонаи маҳсулот бо дараҷаи хавфаш паст дар тӯли 24 моҳ бо як бор расмигардонии сертификати мувофиқат дар мақомоти оид ба арзёбии мувофиқати номнависшуда рухсат дода мешавад;  

номгӯи маҳсулоте, ки ба талаботи ҳатмӣ мувофиқат намекунанд, тартиб дода мешавад.

Шумораи тафтишод зиёд шуд

Иловаҳои ба Рӯйхати санҷишҳо воридкардашудае, ки бо огоҳии мақоми ваколатдор бо роҳи бақайдгирии онҳо дар Системаи ягонаи бақайдгирии электронии санҷишҳо гузаронида мешаванд, эътибор пайдо мекунанд. Онҳо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими техникӣ дар соҳаи роҳсозӣ, пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои обтаъминкунӣ, нерӯи барқ, газ, дахолат ба дастгоҳҳои ҳисобдорӣ бо мақсади тағйир додани нишондиҳандаҳои онҳо ва ғайраро тафтиш хоҳанд кард.

Маблағ барои хизматрасонии давлатӣ, ки сари вақт расонда нашудааст, баргардонида мешавад

Ба ашхосе, ки дар НИ «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд», маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳангоми расонидани хизмати давлатӣ тавассути марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва (ё) ПЯХДИ ба андозаи 50% тахфиф аз пардохти боҷҳои давлатӣ, пардохтҳо ва ҳар гуна дигар пардохтҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд, дода мешаванд;

агар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ, ХИ «Лицензия» ва ПЯХДИ зиёда аз 3 рӯзи корӣ ба таъхир афтода бошанд, дар давоми як рӯзи корӣ ба муроҷиаткунандагон 50 фоизи боҷи давлатӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои пардохташуда баргардонида мешаванд. Ба онҳо хизмати дахлдори давлатӣ пурра расонда мешавад.

Рӯйхати хизматрасонӣ ба ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ васеъ карда шуд

Ба онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷозат дода мешавад, ки ба категорияи имтиёзноки шахсоне, ки ба номгӯи хизматрасоние, ки марказҳои ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии микроҷарроҳии чашм ва урология пешниҳод мекунанд, дохил карда шудаанд, хизмати тиббӣ расонанд.

Боз як ҳисобот аз бинокорон барои мақомоти андоз

Ташкилотҳо ва корхонаҳои сохтмонӣ, ки масолеҳи бинокорӣ истеҳсол менамоянд, бояд ба мақомоти андоз дар бораи истифодаи канданиҳои фоиданок дар шакли электронӣ бинобар шакле, ки КДА тасдиқ намудааст, тавассути кабинети шахсии андозсупоранда маълумот тақдим намоянд.

Фондҳо бачаҳои ятимро дастгирӣ мекунанд

Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд фондҳои дастгирии бачаҳои ятим ва бепарасторро, ки ба “дафтари меҳр” ворид карда шудаанд, созмон медиҳанд.

Ба прокати металл талаботи нав мукаррар карда шуд

Дар корхонахои истеҳсолие, ки барои сохтмон прокати метал истеҳсол мекунанд, лабораторияҳои аккредитатсионии озмоишӣ кушода мешаванд, ки сифати ҳар як партияи пӯлод ва маҳсулоти тайёрро назорат мекунанд.

Институти тадқиқоти бозори меҳнат чӣ кор хоҳад кард

Институт барои ташаккул ва нигоҳдории зерин масъул аст:

системаҳои арзёбии эҳтиёҷ ба кадрҳои соҳибихтисос ва базаи маълумоти стандартҳои касбӣ;

махзани ягонаи маълумот ба касбҳо, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ серталабанд.

Музди меҳнати кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон зиёд карда шуд

Музди меҳнати ҳармоҳаи коркунони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, ки дар ҳудуди онҳо шумораи хонаводаҳо як ҳазор ва аз ин ҳам зиёд аст, 35 фоиз зиёд мешавад;

Дар назди шӯъбаи оид ба дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияҳо (шаҳрҳо) Фонди рағбатноксозии кормандони мақомоти худидораи шаҳрвандон созмон дода мешавад.

Як қатор имтиёзҳо бекор карда шуданд

Имтиёзҳо барои озод кардан аз пардохтҳои гумрукӣ (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва боҷ барои расмигардонии гумрукӣ) барои як қатор маҳсулот эътибор надоранд. Ба ин рӯйхат захираи моҳии наслӣ, тухми моҳӣ, ғизои омехта ва нуриҳои минералӣ (аммофос) барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, мурғҳои зотӣ, хӯроки парранда, доруҳои байторӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва ғайра дохил карда шудаанд, хабар медиҳад “Norma”.