Мақомоти Камбоҷа ният дорд Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трампро ба ҷоизаи Нобелии сулҳ пешбарӣ намояд. Дар ин бора муовини Сарвазири Подшоҳии Камбоҷа Сун Чантол иттилоъ додааст, менависад tass.ru.

«Ӯ бояд ҷоизаи Нобели [сулҳ]-ро, на танҳо барои кори дар робита ба Камбоҷа анҷомдодааш, балки барои дигар хизматҳояш низ гирад», — гуфтааст ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи The Wall Street Journal.

Муовини Сарвазир таъкид кардааст, ки бе дахолати Президенти ИМА Камбоҷа ва Таиланд шояд ба созишномаи қатъи даргириҳо дар минтақаи сарҳадӣ муваффақ намешуданд. Ӯ илова кардааст, ки Пномпен ният дорад пешниҳоди пешбарии номзадии раҳбари Кохи Сафедро ба Кумитаи Нобелӣ, ки ҷоизаро тақдим мекунад, ирсол намояд.